COVID-19. Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавируси нав ба 11649 нафар расид

Ноябрь 16, 2020 19:36

ДУШАНБЕ, 16.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 39 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда, дар муддати аз 30 апрел то 16 ноябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба  11649 нафар расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, давоми шабонарӯзи охир  46 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11019  (94,6%) баробар гардид. Инчунин, бар асари ин беморӣ 85 нафар фавтидаанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Ноябрь 16, 2020 19:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон ва Дабири кулли СММ доир ба шадидтарин буҳрони иқтисодии аср ибрози андеша намуданд
Президенти Тоҷикистон: «Дар самти таъмини устувори неруи барқ ҳанӯз масъалаҳои ҳалталаб мавҷуданд»
Раҳмон Саидзода: «Аз пардохти андози ягонаи замин озод кардани кишоварзон ба таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ мусоид хоҳад кард»
Соли 2021 тамоми кишоварзони Тоҷикистон аз пардохти андози ягонаи замин озод гардиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Дар кишварамон бемории сироятии КОВИД-19 аз байн рафтааст»
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо Паём муроҷиат мекунанд
COVID-19: Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд
COVID-19: шумораи сироятёфтагон дар ҷаҳон зиёда аз 99 млн нафарро ташкил медиҳад
COVID-19: Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд
COVID-19: Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд
Муассисаҳои СММ ба тақсим ва интиқоли ваксинаи COVID-19 шурӯъ мекунанд. Тоҷикистон низ дар ин рӯйхат ҳаст
Султон Бекмуродзода: «Таъмини доруҳо ва хизматрасонии босифат дар давраи пандемия яке аз омилҳои муҳими коҳиш додани шиддати сирояти Ковид-19 буд»