COVID-19 ташкилоти суғуртавиро бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ намудааст. Тавзеҳи шореҳи иқтисодии АМИТ «Ховар»

Ноябрь 18, 2020 16:08

ДУШАНБЕ, 18.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои  Бонки миллии Тоҷикистон, давоми 9 моҳи соли 2020 шумораи филиалҳои ташкилоти суғуртавӣ ба 77 адад баробар шуда, дороиҳои умумии ташкилоти суғуртавӣ, дар маҷмӯъ дар ин давра  ба 417,3 млн. сомонӣ баробар гардидааст.

Шарҳи шореҳи иқтисодии АМИТ «Ховар» Абдураҳими АБДУҚАҲҲОРдар ин мавзуъ.

Новобаста аз он ки дар ҷумҳурии мо 18 ширкати суғуртавӣ ба мардум хизмати суғуртавӣ мерасонанд, вале саҳми  бахши суғурта дар маҷмӯи маҳсулоти миллии мамлакат хеле ночиз аст. Ҳол он ки  суғурта яке аз бахшҳои муҳими иқтисодиёти миллии ҷаҳонӣ маҳсуб шуда, рушди ин соҳа дар иқтисодиёти миллӣ ҳимояи суғуртавии манфиатҳои молу мулкии шаҳрвандон, субъектҳои хоҷагидорӣ ва ҷуброни саривақтии талафотро таъмин менамояд, ки ба фаъолияти мунтазами корхонаҳо, барқарор намудани моликияти хусусӣ, даромад, саломатӣ ва сатҳи зиндагии шаҳрвандон мусоидат менамояд.

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи соҳа ва рушди он ислоҳоти бахши суғурта идома дорад. Зеро муҳити имрӯзае, ки мо дар он ҳаёт ва фаъолият менамоем, пур аз ҳодисаҳои ғайричашмдошт, аз қабили обхезӣ, сӯхтор, заминларза, садамаҳо, муфлисшавӣ ва дигар ҳолатҳо мебошад ва ба вуқуъ омадани онҳо сабаби расидани зарари зиёди моддӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ мегардад. Фароҳам овардани шароити мусоиди сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта ва фаъолияти пурсамари ширкатҳои рақобатпазири суғуртавӣ имкон медиҳад, ки маблағҳои аз ҳисоби суғурта ҷамъоваришуда барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт сармоягузорӣ карда шаванд.

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасониҳои суғуртавӣ аз ҷониби 18 иштирокчии касбии бозори суғурта амалӣ карда мешаванд, ки онҳо аз 2 ташкилоти суғуртавии давлатӣ, 15 ташкилоти суғуртавии ғайридавлатӣ ва 1 Маркази дастгирии суғуртаи мутақобила иборат мебошанд.

Масъулони ташкилоти суғуртавии ҷумҳурӣ мегӯянд, ки имсол ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ шудаанд.

Муовини директори генералии  Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта” Абдулло Абдуллоев гуфт, ки дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус  миқдори шарномаҳои суғуртавӣ ба маротиб кам шудааст. Ҳатто тибқи нақшаи пешбинишуда, онҳо натавонистанд шартнома ва маблағҳои суғуртавӣ ворид намоянд, зеро таваҷҷуҳи мардум дар ин давра ба дигар самт равона шудааст.

“Аксари шаҳрвандон дар ин давра ба мушкилии молиявӣ дучор шуданд, зеро онҳо маблағҳои худро барои табобат ва захираи хӯрокворӣ сарф  мекарданд. Аз ин хотир ба суғуртакунонӣ чун кори дуюмдараҷа менигаристанд. Натиҷаи ҳамин буд, ки нисбат ба нуҳмоҳаи соли 2019 қариб 5,3 млн. сомонӣ маблағҳои ҳаққи суғурутавӣ кам ворид шудаанд, ки аз ин ҳисоб 4 миллиону 423,4 ҳазор сомонияш аз ҳисоби суғуртаи ҳатмӣ мебошад”,- иброз дошт муовини директори генералии  Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта”.

Вобаста ба таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи суғурта, ки дар мулоқоташон бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо баён дошта буданд, масъулини Бонки миллӣ мегӯянд, ки тадбирҳои мушаххасеро роҳандозӣ намудаанд. Аз ҷумла, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи андозаи ҳадди ақали сармояи (фонди) оинномавии ташкилоти суғуртавӣ, яъне азнав­суғуртакунӣ» аз 31 марти соли 2020 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» қабул гардиданд. Ҳамзамон «Нақшаи стратегии ислоҳоти низоми бонкӣ ва суғурта барои солҳои 2020-2023» таҳия ва  тасдиқ гардид, ки ҷанбаҳои муҳими рушди низоми бонкӣ ва суғуртаи мамлакатро барои давраи миёнамуҳлат дар бар мегирад.

Новобаста аз он ки масъулини чанд ширкати суғуртавӣ зимни суҳбат бо мо гуфтанд, ки бар асари бемории коронавирус имсол фаъолияташон ба мушкилот дучор гардид, вале масъулини Бонки миллӣ мегӯянд, маблағҳои худии иштирокчиёни касбии бозори суғурта дар нуҳ моҳи соли 2020  215,9 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35,7 млн. сомонӣ (19,8 фоиз) афзоиш ёфтааст. Ҳаҷми умумии воридоти мукофоти суғуртавӣ, яъне ҳаққи суғуртавӣ, ки яке аз сарчашмаҳои асосии даромади ташкилоти суғуртавӣ ба ҳисоб меравад, дар давраи баррасишаванда ба 175,3 млн. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 6,8 млн. сомонӣ  афзоиш ёфтааст. Давоми 9 моҳи соли ҷорӣ пардохтҳои суғуртавӣ аз рӯи суғуртаи ихтиёрӣ ба маблағи 11,3 млн. сомонӣ амалӣ гардидаанд, ки 89,7 фоизи ҳаҷми умумии пардохти суғуртавиро  ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан ба андозаи 3,0 млн. сомонӣ  зиёд будааст. Фоидаи софи ташкилоти суғуртавӣ дар нуҳ моҳи соли 2020 ба 80,9 млн. сомонӣ баробар шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 31,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар ҷумҳурӣ ҳоло аз ҷониби 18 ташкилоти суғуртавӣ ба аҳолӣ дар доираи 80 намуди суғурта хизмат расонида мешавад.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

PS: Шарҳи пурраи мавзӯъ ва мушкилоту вазъи соҳаи суғуртаро дар ҷумҳурӣ метавонед 20 ноябр, соати 08:30 ва такроран 17:30 дар барномаи таҳлилии “Набзи иқтисод”-и Радиои “Ховар”  бишнавед.

Ноябрь 18, 2020 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳукумати Тоҷикистон барои сармоягузорон 240 номгӯй замонати ҳуқуқӣ муқаррар намудааст
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Дар ноҳияи Роштқалъа сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт ба анҷом мерасад
Бо мақсади пешгирӣ аз суқут Маъмурияти федералии авиатсияи граждании Амрико санҷиши ҳавопаймои BOEING 767-ро талаб намуд
Соли 2024 ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар Тоҷикистон ба 153,4 миллиард сомонӣ баробар гардид
Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади таъмини истиқлолияти энергетикӣ 18 лоиҳаи сармоягузориро амалӣ намуд
Президенти Тоҷикистон татбиқи тарҳҳои неругоҳи «Сангтӯда-2» ва нақби «Истиқлол»-ро дастоварди муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон номиданд
Байни Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон барои сармоягузорон фазои муносиби иқтисодӣ фароҳам оварда шудааст
Ҳаҷми тиҷорат байни Тоҷикистон ва Эрон дар ду соли охир 50 дарсад афзоиш ёфт
Президенти Тоҷикистон: «Иқтидори бузурги энергияи «сабз»-и Тоҷикистон дар оянда метавонад ба нафъи дигар кишварҳои минтақа, аз ҷумла Эрон низ истифода шавад»
Байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми омӯзишӣ ба имзо расид
Тоҷикистон ва Эрон дар самти муқовимат ба коррупсия ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд