Дар Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Президент мусобиқаи ҷумҳуриявии шиноварӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 17.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявии шиноварӣ баргузор гардид. Дар мусобиқаи варзишӣ 64 нафар варзишгарон аз шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд иштирок намуда, дар намудҳои гуногун ва масофаи аз 30 то 200 метр барои пирӯзӣ миёни ҳам сабқат намуданд. Дар ин бора аз Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.
Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи он роҳбари Федератсияи миллии шиноварии мамлакат, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат варзиданд.
Зикр шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамасола дар саросари мамлакат садҳо иншооти варзишӣ бунёд гардида, мавриди истифода қарор мегиранд. Дар натиҷа теъдоди варзишгарон сол ба сол зиёд шуда, онҳо Парчами давлатиамонро дар сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ мунтазам парафшон менамоянд, ки ин мояи хушҳоливу сарфарозии миллати тоҷик аст.
Дар хатми мусобиқа ба ғолибон туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш супорида шуданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






