Дар Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Президент мусобиқаи ҷумҳуриявии шиноварӣ баргузор гардид

Ноябрь 17, 2020 14:36

ДУШАНБЕ, 17.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и  шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявии шиноварӣ баргузор гардид. Дар мусобиқаи варзишӣ 64 нафар варзишгарон аз шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд иштирок намуда, дар намудҳои гуногун ва масофаи аз 30 то 200 метр барои пирӯзӣ миёни ҳам сабқат намуданд. Дар ин бора  аз  Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон ба шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон хабар доданд.

Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи он роҳбари Федератсияи миллии шиноварии мамлакат, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат варзиданд.

Зикр шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамасола дар саросари мамлакат садҳо иншооти варзишӣ бунёд гардида, мавриди истифода қарор мегиранд. Дар натиҷа теъдоди варзишгарон сол ба сол зиёд шуда, онҳо Парчами давлатиамонро дар сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ мунтазам парафшон менамоянд, ки ин мояи хушҳоливу сарфарозии миллати тоҷик аст.

Дар хатми мусобиқа ба ғолибон туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш супорида шуданд.

Ноябрь 17, 2020 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар