Дар назди Донишгоҳи давлатии Данғара гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот ба фаъолият оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 26.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Донишгоҳи давлатии Данғара гармхонаи таълимӣ-тренингӣ ва инноватсионии парвариши сабзавот бо усули қатрагӣ ба фаъолият оғоз намуд.
Тавре ёвари ректор ва мудири бахши робита бо фазои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Данғара Муҳаммад Шораҳимзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод, гармхонаи таълимӣ-тренингӣ ва инноватсионии парвариши сабзавот бо усули қатрагӣ таълимӣ-таҷрибавӣ буда, дар он асосан маҳсулот бо усули қатрагӣ нашъунамо меёбанд ва сабзавоти помидору бодиринг истеҳсол гардида, ҳамзамон ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба ин таҷриба шинос мешаванд.
Дар ин гармхона тибқи мушоҳидаҳо имконияти ба даст овардани ҳосили хуб мавҷуд аст. Тавре омӯзгорон ва мутахассисони соҳа изҳор доштанд, акнун донишҷӯёни факултети Агробиология, стандартизатсия ва тибби байтории донишгоҳи мазкур ба таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ фаро гирифта шуда, ояндаи наздик дар ин гармхона парвариши ҳамагуна сабзавот ва гулҳои ороишӣ ба роҳ монда мешавад. Масоҳати умумии гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот бо усули қатрагӣ 0,2 гектарро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои масъулин, маблағи лоиҳавии гармхонаи мазкур 135 ҳазор сомониро ташкил дода, он аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии озуқаворӣ (СУО) маблағгузорӣ шудааст.
Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Данғара ба масъалаи омода намудани мутахассисони соҳавӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, дар дохили гармхона бо ҷалби кишоварзони ботаҷриба ба донишҷӯён нозукиҳои парвариши маҳсулоти кишоварзӣ бо усули қатрагӣ омӯзонида мешаванд. Гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот бо усули қатрагӣ бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, барои парвариши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ дорои имкони хуб мебошад.
Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара профессор Нуралӣ Шоҳиён аз таҳким ёфтани фаъолияти гармхона изҳори қаноатмандӣ намуда, барои дуруст ба роҳ мондани парвариши маҳсулот ва ба даст овардани таҷрибаҳои нав ҷиҳати рӯёнидани ҳосили фаровон ба масъулини факултети Агробиология, стандартизатсия ва тибби байторӣ дастуру ҳидоятҳои судманд дод.








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






