Дар пойтахт дар партави Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе 2500 бех ниҳоли сӯзанбарг шинонида мешаванд

Ноябрь 17, 2020 10:14

ДУШАНБЕ, 17.11.2020/АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ояндаи наздик дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ва дигар мавзеъҳои муайянгардидаи шаҳри Душанбе бо иштироки кормандони Кумита 2500 бех ниҳоли сӯзанбарг шинонад.

Дар партави Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои ба шаҳри сабзу  хуррам табдил додани Душанбе бо иштироки бевоситаи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор гардид.  Дар он кормандони дастгоҳи марказӣ ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе фаъолона иштирок намуда, дар оғози мавсими тирамоҳии ниҳолшинонӣ барои боз ҳам ободу зебо гардонидани симои пойтахт саҳм гузоштанд.

Чунин ташаббусҳои наҷибона аз дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, ҳамасола баҳри беҳдошту ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти экологии аҳолӣ бо иштироки доираи васеи шаҳрвандон дар мавсими ниҳолшинонӣ, ки аслан фаслҳои тирамоҳ ва баҳор амалӣ мегардад, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ миллионҳо бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, сояафкан, ороишӣ ва гулу буттаҳо шинонида шуда, сарсабзию зебоӣ ва хуррамгардонии мамлакатро таъмин менамояд.

Ноябрь 17, 2020 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»