Дар Рӯзи Парчами давлатӣ дар Ишкошим филиали «Амонатбонк» ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 24.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 24 ноябр, дар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои боҳашамати маъмурии филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» кушода шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар ифтитоҳи бинои мазкур раиси ноҳияи Ишкошим Мусо Мирзозода, муовини раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Фирдавс Ризвонзода ва ҳайати расмӣ ширкат намуданд.
Бинои мазкур дар доираи иншооте, ки ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешаванд, ба истифода дода шуд.
Филиали мазкур бо сарпарастии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба маблағи умумии 2 824 000 сомонӣ аз тарафи ширкати «Парвиз-92» сохта шудааст.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






