Дар Роштқалъа корхонаи нави дӯзандагӣ ба фаъолият шурӯъ кард

Ноябрь 12, 2020 11:48

ХОРУҒ, 12.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Барҷангали ноҳияи Роштқалъа Корхонаи воҳиди давлатии “Гулдаста” дари худро ба рӯи дӯзандазанони ин ноҳия боз намуд.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, ин корхонаи дӯзандагӣ аз ду ошёна иборат буда, дар як баст то 100 нафар занон ба кор ҷалб карда мешаванд. Дар ошёнаи аввали он ошхона ва анборхона барои маҳсулоти хом пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи директори корхонаи мазкур Қиличбек Қиличбеков, “корхонаи навбунёд бо дастгоҳҳои муосири дӯзандагӣ, ки даҳҳо амалиёт анҷом медиҳанд ва на ҳамаи занон бо тарзи истифодаашон шинос ҳастанд, ҷиҳозонида шудааст. Аз ин рӯ дар навбати аввал мо 30 нафар занони маҳаллиро ба кор ҷалб кардем ва ба онҳо панҷ нафар мутахассисони соҳибтаҷриба тарзи истифода аз ин дастгоҳҳоро ёд медиҳанд. Яке аз масъалаҳои муҳим, ки фаъолияти минбаъдаи корхона ба он робитаи қавӣ дорад, ин пайдо кардани бозор ва ё мизоҷони доимист. Пеш аз он ки 100 нафар дӯзандагон ба кор ҷалб карда мешаванд, мо бояд масъалаи мазкурро пурра ҳал намоем. Дар шароити имрӯза, ки рақобат байни корхонаҳо сол аз сол бештар мешавад, пайдо кардани мавқеъ ва нуфуз дар бозор хеле муҳим аст”.

Чевари ҷавон Гулноз Назаршоева аз кушода шудани ин корхона дар деҳа изҳори хушҳолӣ карда, гуфт, ки “пас аз гузоштани хишти аввал аз тарафи Пешвои миллат мо, занони деҳа бесаброна интизорӣ мекашидем, ки кай корхона  ба кор оғоз мекунад. Ман худам омӯзишгоҳи дӯзандагиро ба итмом расонида, таҷрибаи кор дар чунин дастгоҳҳои муосирро ҳам дорам. Аз ин рӯ маъмурияти корхона маро ба кор гирифт, то таҷрибаи худро ба дӯзандагони ҷавон ёд диҳам. Дар ин ҷо на танҳо рӯзгори  худро беҳ месозем, балки аз суҳбату дидорбинии ҳаррӯза шод шуда, ҳамдигарро аз навигариҳои деҳа, минтақа ва ҷаҳон огоҳ мекунем”.

Барои бунёди  бинои Корхонаи воҳиди давлатии “Гулдаста” дар ноҳияи Роштқалъа Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 миллион сомонӣ ҷудо намуда, бинокорони Раёсати сохтмонии рақами дуюми ин ноҳия давоми ду сол онро бо сифати хуб мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ноябрь 12, 2020 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид