Дар шаҳри Кӯлоб сарнайзаи дорои таърихи беш аз 5000-сола ёфт гардид

Ноябрь 26, 2020 09:10

ДУШАНБЕ, 26.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз маҳаллаи Умари Хайёми шаҳри Кӯлоб сарнайзаи дорои таърихи беш аз 5000-сола ёфт гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ медиҳад.

Сарнайзаи беш аз панҷҳазорсола баъди бозёфту таҳқиқ ва пажӯҳиши ҳамаҷонибаи кормандони Институти таърих, археология ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ аз ҷониби ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои тоҷик Абдураҳмон Муҳаммад ва ҳайати ҳамроҳонаш-директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ Насруллоҳ Убайдулло, мудири шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ Нуриддин Сайфуллоев ба директори генералии Муассисаи давлатии «Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб» Ҳотам Асозода супорида шуд.

Тавре Ҳотам Асозода иброз дошт, соли 2021 бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҳамкории Муассисаи давлатии «Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700- солагии Кӯлоб экспозитсияи мукаммали 5-ҳазорсолагии Кӯлоб ташкил ва барои тамошо пешниҳод карда мешавад.

Ноябрь 26, 2020 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид