Дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сарварии Президенти Тоҷикистон ҳаҷми ММД 45,5 маротиба зиёд шуд
ДУШАНБЕ, 16.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми ММД аз 1,7 млрд. сомонии соли 2000 то 77,4 млрд. сомонӣ дар соли 2019, яъне 45,5 маротиба зиёд шуд. ММД ба ҳар сари аҳолӣ 29 маротиба (аз 288,7 сомонӣ то 8388 сомонӣ) афзоиш ёфт. Ин матлабро имрӯз, 16 ноябри соли 2020 Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода дар ҷамъомади тантанавӣ, ки ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд, иброз намуд.
Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии мамлакат корнамоиҳои бузурги иқтисодӣ нишон доданд.
Бахусус, дар солҳои истиқлоли давлатӣ Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешрафти босуботи иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардумро дар заминаи фароҳам овардани низоми иқтисоди бозаргонӣ тавассути суръат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ, хусусан, сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ, энергетикӣ, иҷтимоӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар соҳаҳои гуногун таъмин намуданд.
Аз ҷумла, татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди ҶТ барои солҳои 2016-2020 ва дар маҷмӯъ 187 стратегияву барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ мавриди иҷро қарор доранд.
Сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 2000 то ба 26,3 фоиз дар соли 2020 коҳиш ёфт.
Даромади пулии аҳолӣ аз 1 млрд. сомонии соли 2000 то 48 млрд. дар соли 2019 (яъне 48 баробар) ва музди меҳнати миёнаи як корманд аз 15,6 сомонӣ то 1335 сомонӣ (яъне 85,6 баробар) афзоиш ёфт.
Даромади Буҷети давлатӣ аз 300 млн. сомонии соли 2000 то 23,5 млрд. сомонӣ дар соли 2019 ё 78,3 маротиба афзоиш ёфт.








Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд






