Дар Суғд «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории кӯдакон ва наврасон» ҷамъбаст гардид

Ноябрь 10, 2020 16:32

ДУШАНБЕ, 10.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ​ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Спитамени вилояти Суғд бо ташаббуси Маркази таҳсилоти иловагии вилоят «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории кӯдакон ва наврасон» бо иштироки 300 нафар навоварон ва ихтироъкорони наврас аз 17 шаҳру ноҳияҳои вилоят ​ баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, хонандагони шаҳри Панҷакент бо ишғоли 7 ҷойи ифтихорӣ (2 медали тилло, 2 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ) — мақоми аввал, дастаи ихтироъкорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (2 медали тилло ва 3 биринҷӣ) ва шаҳри Хуҷанд (3 медали тилло, 2 медали нуқра) бо ишғоли 5 ҷойи ифтихорӣ — мақоми дуюм ва дастаи хонандагони навовари ноҳияи Ашт бо ишғоли 4 ҷойи ифтихорӣ (1 медали тилло, 2 медали нуқра, 1 медали биринҷӣ) мақоми сеюм ба даст оварданд. Дар кори бахшҳои озмун хонандагон аз шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Бӯстон, Истаравшан ва ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен, Деваштич фаъолона иштирок намуда, соҳиби диплом, медал, ҷоми олимпиада ва туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.​

Сардори Раёсати маорифи вилоят Осим ​ Каримзода иброз дошт, ки баргузории озмуни мазкур барои рушди қобилияти эҷодии кӯдакон ва наврасон муҳим буда, татбиқи ихтирооти кӯдакон дар истеҳсолот  ҳадафи олии ин иқдом ба шумор меравад. Олимпиада аз рӯи 10 бахш, аз ҷумла роботтехникӣ, авиамоделӣ, автомоделӣ, ихтироъкорӣ, киштии ояндаи коинот, судомоделӣ, барномасозӣ, аграрӣ, радиоконструкторӣ ва «Манзили истиқоматӣ аз нигоҳи ман» сурат гирифт.

Қисмати зиёди пешниҳоди хонандагон фарогири роҳҳои мубориза бо бемории коронавируси Covid-19 буд ва кӯдакон роҳҳои нави усули мубориза бо ин бемории ҳамагирро ҷустуҷӯ намуда, ихтирооти навро мавриди корбарӣ ва истифода қарор додаанд.​

Инчунин лоиҳа ва макетҳои беморхонаҳои инноватсионӣ баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ аз ҷониби хонандагони МТМУ №11, ноҳияи Ҷаббор Расулов миёни ҳакамони озмун гарму самимӣ пазируфта шуд. Инчунин тайёраи бесарнишин барои пошидани маҳлулҳои безараргардонӣ, ки аз ҷониби хонандаи МТМУ №2 шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Назаров ихтироъ шудааст, таваҷҷуҳи ҳамаи иштирокчиёнро ҷалб намуд.

Хонандагони навовари шаҳру навоҳии Конибодом, Исфара ​ ноҳияҳои Ашт, Спитамен ва Бобоҷон Ғафуров чанд ихтирооти нав, аз ҷумла дучархаи барқӣ, дучархаи инноватсионӣ барои маъюбон, мошинаи хизматрасонии кишоварзӣ, трактори инноватсионӣ, роботҳои ҳамакор, дастгоҳи худсохти инкубатсионӣ барои парвариши мурғро пешниҳоди ҳайати бонуфузи доварон аз донишгоҳҳои олии вилоят гардид.

Мавриди зикр аст, ки дар даври мактабӣ, шаҳрӣ-ноҳиявӣ, минтақавӣ ва вилоятии озмун беш аз 5 ҳазор хонандагон ширкат варзиданд.

Ёдовар мешавем, ки дар вилояти Суғд солҳои охир таваҷҷуҳ ба рушди техника, ихтироъкорӣ ва навоварӣ байни кӯдакон ва наврасон афзудааст. Иштироки бевоситаи аъзои маҳфилҳои равияи техникии Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар озмунҳои ҷаҳонӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон, Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб ва ғолибияти онҳо дар соли 2019 дар ин олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ самараи ин таваҷҷуҳ аст. Инчунин моҳи феврали соли 2021 дар шаҳри Хюстони Штатҳои Муттаҳидаи Амрико баргузории олимпиадаи ҷаҳонии роботтехникӣ дар назар буда, хонандагони болаёқати вилояти Суғд ва аъзои фаъоли маҳфили роботтехникии Маркази таҳсилоти иловагии вилоят ба озмуни мазкур даъват шуда,   ҳамаҷониба омодагӣ мебинанд.

Ноябрь 10, 2020 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд