Дар Суғд ғолибони мусобиқаи волейбол байни донишҷӯён муайян шуданд

Ноябрь 3, 2020 15:00

ДУШАНБЕ, 03.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва Федератсияи волейболи Тоҷикистон мусобиқаи даставии волейбол, ки байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии вилояти Суғд ташкил шуда буд, ба охир расид. Дар ин бора аз Федератсияи волейболи Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар доданд

Баъди бозии ниҳоӣ байни дастаҳои Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ғолибон ва дастаҳои пешсафи мусобиқа муайян гардиданд. Чаҳор дастаи пешсаф ва ғолиб дар ҷараёни мусобиқа бозии хуб нишон дода, бо риояи қоидаҳои дар Федератсияи байналмиллалии волейбол пешбинишуда ҳарифонро мағлуб намуданд.

Дар давраи нимниҳоӣ дастаи Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бо дастаи Мактаби варзишии бачагонаи ноҳияи Б.Ғафуров, дастаҳои ДДҲБСТ ва Коллеҷи тарбияи ҷисмонии шаҳри Бӯстон байни ҳам сабқат карданд. Бо нишон додани бартарии варзишӣ дастаи волейболбозони ДДҲБСТ ва Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ба давраи ниҳоӣ роҳ ёфта, дар натиҷа дастаи ДДҲБСТ ҷойи аввал, Академияи ВКД мақоми дуюм, зинаҳои баъдиро Коллеҷи тарбияи ҷисмонии шаҳри Бӯстон ва Мактаби варзишии бачагонаи ноҳияи Б.Ғафуров соҳиб шуданд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар доираи барномаи фарҳангӣ-маърифатӣ ва варзишии «Корвони зиддимухаддиротӣ-2020», ки моҳи ноябр дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад, бо Ҷом, медал, диплом, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.

Ноябрь 3, 2020 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд