Дар таҳкими низоми бонкдории миллӣ Президенти Тоҷикистон нақши арзишманд гузоштаанд

Ноябрь 16, 2020 14:10

ДУШАНБЕ, 16.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ  кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Ҳадафи таъйин гардидани Рӯзи Президент дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсоз марҳилаи нави давлатдории миллӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр шакли идораи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти тозаинтихоб оғоз гардид. Чунин гуфт Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳаммадзода дар ҷамъомади тантанавие, ки имрӯз дар Бонки миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент доир гардид.

Мавсуф афзуд, ки Рӯзи Президент ба хотири эҳтирому эътирофи сиёсати давлатдории навини мамлакат, таъмини сулҳу субот, ваҳдати мардуми сарзамин ва болоравии обрӯву нуфузу Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ, ки ин ҳама дар маҷмӯъ, ба салоҳияту фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд аст, қабул шуда, ба кору пайкор ва саъю талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқамандии зич дорад. Зикр шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба мақоми роҳбарӣ расидан мардумро муттаҳид намуданд ва дар қалби пиру ҷавон шуълаи умед ба ояндаи дурахшонро бедор ва халқро бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуданд.

Маҳз бо назардошти хизматҳои шоиста баҳри эҳёи давлати тоҷикон, саҳми бузург дар барқарор кардани сулҳ, сарҷамъ кардани миллати тоҷик ва ваҳдати мардум ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» дода шуд. Бо баёни дигар, хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии ватандӯстӣ ва  хизмат ба Ватану ҷомеа, вафо ба қавлу амал мебошанд. Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар корнамоиҳо дар арсаҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат дар роҳи бунёд ва таҳкими низоми бонкии мамлакат низ муҳим ва сазовор арзёбӣ мешавад. Маҳз бо ташаббусу дастгирии бевоситаи Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон соҳиби пули миллии худ гардид. 26 октябри соли 2000 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси аз 30 октябри соли 2000 ба муомилот баровардани пули миллии мамлакат-  «сомонӣ», ки ба ифтихори асосгузори аввалин давлати мутамаркази тоҷикон- Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудааст, ба тасвиб расид. Дар маҷмӯъ, Президенти Тоҷикистон дар бунёди сиёсати мустақили пулию қарзӣ ва таҳкими низоми бонкдории миллӣ нақши асосӣ доранд ва пули миллии сомонӣ, ки ба ибтикори бевоситаи ӯ дар муомилот ҷорӣ гардид, на танҳо воситаи муомилот, балки рукни муҳими давлатдории имрӯза маҳсуб меёбад.

Дар ҷамъомади тантанавӣ кормандони масъули Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзӯъҳои  «Пешвои миллат-меъмори сулҳи тоҷикон», «Нақши Пешвои миллат ва Сарвари давлати тоҷикон дар бунёди сиёсати пулию қарзӣ» ва «Нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол», ки барои мардуми Тоҷикистон сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ ва марҳилаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ гардид, маърӯза карданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ изҳори умед кард, ки халқи тоҷик таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла низоми бонкии мамлакат ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳанд гашт.

Ноябрь 16, 2020 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи Шабакаи ҷаҳонии зиддикоррупсионӣ дар Боку иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон аввалин нуқтаи миллии мубодилаи интернет ифтитоҳ шуд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми боркашонӣ тавассути роҳи оҳан афзудааст
Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди соҳаи энергетика тақвият меёбад
Истифодаи самараноку сарфакоронаи заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ ва ба роҳ мондани кишти такрорӣ таъкид гардид
Шумораи корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» марҳила ба марҳила зиёд мегардад
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди ҳамбастагии исломӣ барои рушд дар Алҷазоир баррасӣ гардид
«Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ то 80 фоиз тахфиф пешниҳод намуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии картошкаи барвақтӣ идома дорад
Дар Душанбе татбиқи созишномаҳои молиявӣ бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа иштирок намуд
Афзалиятҳои рушди иқтисоди «сабз» дар Тоҷикистон дар ҳамоиши Бонки исломии рушд муаррифӣ шуданд