Дар Тоҷикистон баландтарин дар ҷаҳон нерӯгоҳи барқии офтобӣ ба фаъолият оғоз кард
ДУШАНБЕ, 14.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар минтақаи баландкӯҳи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон бо мусоидати USAID нерӯгоҳи нави офтобии 220-киловатта ба истифода дода шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ “Ховар”.
Тавре Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар медиҳад, нерӯгоҳи офтобии мазкур дар Тоҷикистон калонтарин ва дар ҷаҳон дар нуқтаи аз ҳама баландтарин ҷойгиршуда ба ҳисоб меравад.
Зикр мешавад, ки лоиҳа инчунин нерӯгоҳи нигаҳдории гибридии энергияро бо иқтидори 180 киловатт соат дар бар мегирад.
Нерўгоҳи нави офтобӣ натиҷаи бевоситаи ҳамкории муваффақи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, USAID ва ширкати «Помир Энерҷӣ» мебошад.
Тавре зикр мешавад, тибқи дархости Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, USAID насб намудани нерўгоҳро дар Мурғоб дастгирӣ намуд, то ки иқтидори нерўгоҳи барқии «Тоҷикистон» (собиқ Оқсу) бо иқтидори 1,5 мегаватт, ки дар наздикии он ҷойгир шудааст, афзоиш бидиҳад ва нерўи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба шабакаи барқии маҳаллӣ интиқол бидиҳад.
Ноҳияи Мурғоб дар Помир ҷойгир шудааст ва яке аз баландтарин нуқтаҳои аҳолинишини дунё ба ҳисоб меравад. Зиёда аз 6000 одам аз манбаҳои барқтаъминкунии «Помир Энерҷӣ» ва шабакаҳои миллии барқӣ, бо сабаби дар баландии 3600 метр қарор доштанаш, дар бунбаст қарор доштанд. Нерўгоҳи офтобии нав дар Мурғоб дастрасӣ ба нерўи барқро дар давоми рўз то 50 фоиз зиёд мекунад. Ин на танҳо сатҳи зиндагии сокинонро баланд мебардорад, балки барои рушди умумии иқтисоди минтақа мусоидат мекунад.
АКС аз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон








Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем






