Дар Тоҷикобод оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифати занон конференсияи амалӣ доир гардид
ТОҶИКОБОД, 17.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори бахши фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод бо иштироки мутахассисони бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, занони фаъолу ҷавондухтарон, намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои деҳот дар мавзӯи «Баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии занон» конференсияи амалӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Дар конференсияи мазкур сармутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти ноҳия Файзинисо Абдусатторова доир ба нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятию давлатӣ дар мисоли фаъолияти босамари бонувони фаъоли ноҳияи Тоҷикобод, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Меҳринисо Гадозода дар мавзӯи «Баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии занону духтарон» ва мудири бахши дин ва танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроия Хайрулло Миршоев, мудири маориф Саидбурҳон Мансуров, роҳбари Маркази пешгирии бемориҳои СПИД Маҳмуд Олимов ва як зумра раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия доир ба ҷараёни иҷрои конунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва якчанд масъалаҳои муҳими рӯз дар самти кор бо занон ва оила мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.
Ҳамчунин дар ин конференсия аз ҷониби масъулин ва занони фаъоли ноҳия якчанд мушкилоту норасоиҳо дар самти таълиму тарбияи насли наврас, маърифати ҳуқуқии духтарону занон, риояи танзими анъана ва ҷашну маросим, сарулибоси миллӣ, роҳ надодан ба тамоюлҳои бегонапарастӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО, СOVID-19 ва дигар бемориҳои гузаранда ва дигар масоили мубрами рӯз мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






