Дар Вазорати корҳои дохилӣ гурӯҳи корӣ оид ба пешгирии ҷинояткории ноболиғон таъсис ёфт

Ноябрь 26, 2020 11:02

ДУШАНБЕ, 26.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Оид ба амалӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020 «Дар бораи Барномаи миллии пешгирии ҷинояткории ноболиғон барои солҳои 2020-2024» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ оид ба пешгирии ҷинояткории ноболиғон таъсис дода шуд.

Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, молия, фарҳанг, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Прокуратураи генералӣ, суд, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  полковники милитсия Мансур Бухоризода дар мавзӯи «Пешниҳоди мутахассис баҳри амалӣ намудани «Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024» иброз дошт, ки дар асоси банди 1 таъсиси гурӯҳи кории байниидоравӣ ба уҳдаи ин вазорат вогузор карда шудааст.

Ҳадаф аз татбиқи талаботи барномаи мазкур ба меъёру стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани қонунгузорӣ ва фаъолияти амалии субъектҳои дахлдор дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон мебошад.

Ҳамчунин ин барнома равиши мусбати таъмини кумак, амният ва захираҳоро барои ноболиғон ҷиҳати пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ фаро мегирад.

Ноябрь 26, 2020 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад