Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба мусобиқаи чемпионати Осиё омодагӣ мебинад

Ноябрь 17, 2020 09:41

 ДУШАНБЕ, 17.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон оид ба футбол ҷамъомади омӯзишиву машқии худро дар  шаҳри Душанбе шурӯъ кард. Омодагии даста ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи чемпионати Осиё нигаронида шудааст. Дар ин бора  шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тамринҳои даста ду ҳафта идома мекунанд. Сармураббии дастаи  мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон  Мубин Эргашев барои иштирок дар ин мусобиқа 28 бозингар, аз ҷумла 4 нафар дарвозабон, 10 нафар муҳофизон, 8 нафар ниммуҳофизон ва 6 нафар ҳамлагаронро даъват кардааст.

Ёдрас мешавем, ки марҳилаи ниҳоии мусобиқаи чемпионати Осиё байни ҷавонон, ки аз 3 то 20 марти соли оянда дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор хоҳад шуд, дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «Д» муқобили дастаҳои мунтахаби ҷавонони Малайзия, Яман ва Қатар бозӣ мекунад.

Чор дастаи беҳтарини ин мусобиқа соҳиби роҳхат ба мусобиқаи чемпионати ҷаҳон-2021 байни ҷавонони то 20-сола  мешаванд, ки дар  Индонезия баргузор хоҳад гашт.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон (U-19) дар ҷамъомади омӯзишиву машқӣ дар Душанбе:

Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»), Шоҳрух Қирғизбоев, Самандар Каримов (ҳарду аз «Локомотив-Помир»), Муҳаммадрабӣ Раҳматуллоев («Барқчӣ»);

Муҳофизон: Алиҷон Кароматуллозода (КМВА), Манучеҳр Сафаров, Шоҳрух Сангов, Муҳаммад Саломзода, Исроил Холов, Маҳмуд Пиров, Ҷонибек Шарипов (ҳарду аз «Локомотив-Помир»), Сафиаллоҳи Назарзода («Хатлон»), Парвиз Бахтиёрзода («Регар-ТадАЗ»), Қиматшо Муминшоев («Панҷшер»);

Ниммуҳофизон: Абдулмумин Забиров («Хуҷанд»), Амадонӣ Камолов («Истиқлол»), Озодбек Панҷиев, Шӯҳрат Элмуродов (ҳарду аз «Локомотив-Помир»), Шерзод Дадабоев, Ҳикматилло Исмоилов, Умедҷон Холиқов, Муҳаммад Бӯризод (ҳама аз «Барқчӣ»);

Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Истиқлол»), Ислом Зоиров, Азизбек Ҳасанов, Парвиз Хоҷиев (ҳарсе аз «Локомотив-Помир»), Салам Ашӯрмамадов («Истаравшан»), Сунатулло Исмоилов («Хатлон»).

Сармураббӣ – Мубин Эргашев.

Ноябрь 17, 2020 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд