Филми мустанади «Бозгашт» рӯзҳои наздик манзури тамошобинон мегардад

Ноябрь 24, 2020 09:31

ДУШАНБЕ, 24.11.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Таҳия, наворбардорӣ ва танзиму овоздиҳии филми мустанади «Бозгашт»-и Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо коргардонии Рустам Сатторзода ба итмом расида, рӯзҳои наздик барои намоиш омода мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Филми мустанад дар  ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба навор гирифта шуда, таърихи пурғановати миллати тоҷик, бахусус гузаштаи минтақаҳои ноҳияи мазкурро тасвир менамояд.

Коргардон Рустам Сатторзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки филми мазкур як соату 12 дақиқа буда, таърихи то 6000-солаи ин минтақаро фаро мегирад. «Аслан мо он ҷойҳоеро, ки бостоншиносон пайдо кардаанд, ба навор гирифтем, аз ҷумла дар Шаҳртеппа, Шӯртеппа, қалъаи Золи Зар, қалъаи Пучқоқ, Хирмантеппа, Чилтанбобо (ҳозира Гӯристони Фархор)  ва ғайра. Тасмим дорем филмро рӯзҳои наздик ба тамошобинон пешниҳод намоем»,-гуфт Рустам Сатторзода.

«Бозгашт» ба тарзи ҳирфаӣ рӯйи кор омада, барои омода кардани он  таҷҳизоти техникии замонавӣ ва усулҳои муосири филмофарӣ истифода гардидаанд.

 

Ноябрь 24, 2020 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид