Гурӯҳи кории Кумитаи кор бо занон барои баррасии масъалаҳои мубрами ҷомеа дар Бадахшон қарор дорад
ДУШАНБЕ, 30.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади доир намудани суҳбату вохӯриҳои судманд, баррасии фаъолияти соҳибкории занону бонувон гурӯҳи кории Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Раиси Кумита Зарина Абдулмаинзода бо сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дорад. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Вохӯрии аввалини гурӯҳи корӣ аз ноҳияи Дарвоз оғоз гардида, рӯзи дуввум бо иштироки роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, раисони ҷамоатҳо, муовинони раисони ҷамоатҳо, фаъолзанон, раисони маҳаллаҳои ноҳияи Ванҷ бо мақсади пешгирии ҳолатҳои номатлуб дар байни занону ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ мулоқот доир гардид.
Дар вохӯрӣ оид ба масъалаи мубрами ҷомеа, аз қабили пешгирии зӯроварии хонаводагӣ, шабгардиҳои беасоси духтарон, вайрон гардидани тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби ноболиғону наврасон, занону бонувон, истифодаи самараноки неруи барқ, омодагӣ ба фасли зимистон ва амсоли инҳо изҳори нигаронӣ карда шуда, бо мақсади пешгирии омилҳои номатлуб аз ҷониби иштирокдорон пешниҳодҳои мушаххас манзур гардиданд.
Пас аз анҷоми суҳбату вохӯриҳо гурӯҳи кории Кумита фаъолияти соҳибкории гирандагони гранти президентӣ дар соли 2019 дар ноҳияи Ванҷро мавриди санҷиш қарор дод.
Сафари кории гурӯҳи кории Кумита дар дигар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ идома дорад.








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад






