«ИҚТИСОДИ САБЗ ВА МАВҚЕИ ОН ДАР ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ». Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Данғара конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 29.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 27-28 норябри соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии Данғара конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ — амалӣ дар мавзӯи “Иқтисоди сабз ва мавқеи он дар тағйирёбии иқлим” бахшида ба солҳои 2020-2040 эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки олимону муҳақиқони соҳа баргузор гардид.
Нахуст дар кори конфронс Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара номзади илмҳои техникӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Нуралӣ Шоҳиён суханронӣ намуда, иброз дошт, ки тавваҷуҳи аввалинидараҷа зоҳир намудан ба соҳаҳои илму маориф, амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи “Барономаи рушд ва омузишӣ илмҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ барои солҳои 2020-2040 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, такмил додани низоми таҳсилот ва фароҳам овардани заминаи мусоид ҷиҳати касбу ҳунаромӯзии донишҷӯён, таъмин намудани робитаи илм бо истеҳсолот ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои самарабахш миёни муассисаҳои илмиву таълимӣ ва ширкату корхонаҳои истеҳсолии давлатӣ ва хусусӣ, ҳамоҳангсозии корҳои илмиву таҳқиқоти муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касби кишвар, тавсеа додани ҳамкориҳои илмӣ доир ба масъалаҳои глобалӣ, тағйирёбии иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ ва масъалаҳои марбут ба об дар сайёра, инчунин ҳавасмандгардонии ихтироъкорӣ ва навоварӣ миёни донишҷӯён аз ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои маорифпарвари миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.
Барои расидан ба ҳадафҳои мазкур дар Донишгоҳи давлатии Данғара нақшаҳои зиёдеро тарҳрезӣ ва мавриди амал қарор додаанд, ки гуруҳбандӣ намудани донишҷӯён бо назардошти маҳфилҳои фаннӣ, гузаронидани мусобиқаҳои зеҳнӣ, бозиҳои расмӣ-касбии “Донишҷӯ бо беҳтарин донишҳои фанҳои дақиқ” (математика, физика, химия, билогия, инфоратика ва дигар фанҳо), ҳар ду моҳ гузаронидани олимпиадаҳои дохилифакултетӣ ва дохилидонишгоҳӣ ҷиҳати омода намудани донишҷӯён барои иштирок дар олимпиадаҳои сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва ғайра аз қабили онҳост.
Дар конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ- амалӣ дар мавзӯи “Иқтисоди сабз ва мавқеи он дар тағйирёбии иқлим” маърӯзаҳои илмии донишмандон аз ҷумла профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур Раҳматзода Н.Д., профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Раҳмихудоев Г., мутахассисони соҳа Расулов Б.Р. ва Улуғов О.П.шунида шуданд.
Ёдовар мешавем, конференсия аз ду бахш “Таъсири тағйирёбии иқлим ба олами наботот, ҳайвонот ва инсон” ва “Ҳолати гуногунии олами наботот вароҳҳои агроэкологии муҳофизати растаниҳо” иборат буд.








Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд






