ИМРӮЗ – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ИЛТИҲОБИ ШУШ. Аз ин беморӣ кӯдакон нисбат ба калонсолон бештар азият мекашанд

Ноябрь 12, 2020 10:44

ДУШАНБЕ, 12.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 12 ноябр бо ташаббуси Эътилофи ҷаҳонии зидди пневмонияи кӯдакона Рӯзи мубориза бо бемории илтиҳоби шуш таҷлил карда мешавад. Бемории илтиҳоби шуш, яъне пневмония бемории сироятии шуш буда, одатан кӯдакон, пиронсолон ва одамоне, ки системаи иммунии суст доранд, дучори он мегарданд. Ба иттилои мутахассисони соҳаи тандурустӣ, аз бемориҳои илтиҳоби шуш бештар кӯдакон азият мекашанд ва маҳз ин беморӣ сабаби асосии марги ноболиғон дар саросари ҷаҳон мебошад. Бемории мазкур ҳамасола 1.1 миллион кӯдаки то панҷсоларо мекушад, ки ин нисбат ба бемории СПИД, вараҷа ва сурхча зиёд мебошад.

Мақсад аз таҷлили ин рӯз пешгирӣ аз бемории илтиҳоби шуш ва огоҳонидани мақомоти давлатӣ, мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва донорҳои эҳтимолӣ мебошад, ки барои баланд бардоштани иттилоотонии аҳолӣ саҳм мегузоранд.

Тибқи маълумот,  соли 2009 Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар якҷоягӣ бо ЮНИСЕФ “Нақшаи Глобалии чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва мубориза бо илтиҳоби шуш» эълон кард, ки ҳадафи он низ пурзӯр кардани мубориза бо пневмония ва ташхису табобати беморӣ мебошад.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мамлакат ҳамасола аз 7 то 16 ҳазор ҳолати гирифторӣ ба пневмония ба қайд гирифта мешавад, ки аз ин шумора аз 130 то 650 нафар мефавтанд. Дар 4 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 5 ҳазору 489 ҳолати гирифторӣ ба бемории пневмония ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 850 ҳолат зиёд мебошад. Соли 2019 дар Тоҷикистон 12 ҳазору 802 нафар гирифтори илтиҳоби шуш сабти ном шуданд, ки аз онҳо 129 нафар фавтиданд.

Тавре мудири кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, профессор Саидбек Сатторов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, пневмония як шакли сирояти шадиди роҳи нафас ба шуш буда, микроорганизмҳо, аз ҷумла вирус, бактерия ва замбӯруғҳо метавонанд ин бемориро ба вуҷуд оранд.

Ба зикри номбурда, аломатҳои асосии беморӣ сулфаи доимӣ, дарди қафаси сина, табларза, якбора бад шудани вазъи бадан, хунукхӯрӣ ва нафаскашии душвор мебошанд. Имрӯзҳо коронавируси COVID-19 ва пневмония хеле зуд ба ҳам омехта шуда, нишонаҳои шабеҳ низ доранд. Аммо, инҳо бемориҳои тамоман гуногун буда,  танҳо дар шароити лабораторӣ ташхис карда мешаванд.“Барои гирифтор нашудан ба пневмония дар вазъияти имрӯза қоидаҳои гигиенаи шахсиро риоя кардан лозим буда, бидуни зарурат ба ҷойҳои серодам набояд рафт”,-иброз дошт Саидбек Сатторов.

Ёдовар мешавем, ки бо сабаби паст будани масуният аксар вақт пиронсолон ва кӯдакон ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор мешаванд. Тибқи таҳқиқот, занон камтар ба ин беморӣ дучор мегарданд.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Ноябрь 12, 2020 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид