«IRS»: Бе омодагие, ки фасли сармо тақозо дорад ва бо мошинҳое, ки тири пешбар надоранд, ба роҳ набароед!
ДУШАНБЕ, 19.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Филиали ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нигоҳдории роҳи Душанбе-Чанок ба зиммааш вогузор аст, сарфи назар аз вазъи обу ҳаво, фаъолияташро чун ҳарвақта дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба роҳ мондааст. Маҳз бетафовутии як идда ба тавсияҳои мо дар бобати бе омодагии ҷиддӣ ба роҳ набаромадан, худдорӣ кардан аз сафар бо воситаҳои нақлиёти бидуни тири пешбар, ба ҷой овардани эҳтироми ҳамдигар сабаби ба вуҷуд омадани танбашавӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқ мегардад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар чунин ҳолат ашхоси аз асли масъала ноогоҳ борони маломатро сари филиали Ширкат мерезанд. Аз ҷониби дигар, дар ҳолати мазкур техникаҳои пуриқтидори филиали Ширкат наметавонанд сари вақт ба маконе, ки дар он ҷо бориш шадид аст, сафарбар шаванд.
Ҳамкории филиали ширкат бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ шудааст. Ба шарофати чунин ҳамкорӣ солҳои охир ҳодисаҳои зери тарма мондану ба ҳалокат расидани мусофирону ронандагон қариб, ки рух намедиҳанд. Баъзеҳо иддао доранд, ки чун роҳи Душанбе – Чанок пулакӣ аст, бояд 24 соат кушода бошад. Андешае, ки ба он наметавон розӣ шуд, зеро филиали Ширкат дар баробари дигар уҳдадориҳо барои таъмини бехатарии ронандагону мусофирон низ масъулият дорад. Ширкат наметавонад дар рӯзҳое, ки хавфи тармафароӣ хеле зиёд аст, бо иҷозаи ҳаракат додани гузариши воситаҳои нақлиёт ҳаёти ҳамватанонамонро зери хатар гузорад,-хабар доданд аз маркази матбуоти филиали ширкат.
Давоми ду соли охир дар асоси тавсия, пешгӯйӣ ва хулосаи Вазорати нақлиёт, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бозрасии давлатии автомобилӣ дар сурати зиёд будани хавфи тармафароӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан боздошта мешавад. Бо назардошти гуфтаҳои боло, аз ронандагон хоҳиш менамоем, ки бе омодагие, ки фасли сармо тақозо дорад ва бо мошинҳое, ки тири пешбар надоранд, ба роҳ набароянд, зеро дар баробари он ки худашон ба мушкил мувоҷеҳ мегарданд, ҳамзамон ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеа эҷод менамоянд.
Умед аст, ки ронандагону мусофирони гиромӣ ба иқдоми филиали Ширкат, ки идомаи мантиқии ибтикори дар самти таъмини ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт қаблан амалишуда маҳсуб мешавад, дар заминаи ҳамдигарфаҳмӣ муносибат хоҳанд кард.








НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»






