Кишоварзони Хатлон дурнамои ҷамъоварии пахтаро ба 95,5 фоиз расониданд
ДУШАНБЕ, 19.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони вилояти Хатлон то 17 ноябр 95,5 фоизи дурнамои пахтаро иҷро намуданд. Агар деҳқонон боз 12,7 ҳазор тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ намуда, ба корхонаҳои коркарди пахта супоранд, дурнамои имсола пурра таъмин мешавад. Ин матлабро 18 ноябр муовини якуми раиси вилоят Амонулло Салимзода зимни баргузории ҷаласаи назоратӣ, ки бо иштироки раиси вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо дар вилояти Хатлон баргузор гардид, баён дошт.
Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.
Тибқи дурнамо, имсол дар вилоят бояд 278 ҳазору 200 тонна пахта истеҳсол шавад.
Дар ҷаласа Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба масъулони Сарраёсати кишоварзии вилоят, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар шаҳру ноҳияҳои пахтакор ва идораҳои кишоварзии шаҳру навоҳӣ дастур дод, ки барои беталаф ҷамъ овардани ҳосили боқимондаи саҳро тадбир андешанд.
Тавре дар суҳбат бо мо узви Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷамол Саидзода иброз дошт, «ҳарчанд кишоварзони мамлакат имсол ҷамъоварии пахтаро барвақттар шурӯъ намуда бошанд ҳам, то имрӯз дар саҳро ҳосили зиёд боқӣ мондааст. Бориши барфи рӯзҳои охир барои ҷамъоварии ҳосили дар саҳро мавҷуда ягон душворӣ пеш намеорад. Кишоварзон метавонанд баъд аз қатъи бориши барф дар ҳавои мусоид ҳосили боқимондаро ҷамъоварӣ намоянд. Бориши барф ва паст шудани ҳарорати ҳаво барои шукуфтани ғӯзаҳои боқимонда мусоидат мекунад».
Мавсуф зикр намуд, ки пахтаи баъд аз барф ҷамъоваришуда ба навъи дуюм ё сеюм дохил мешавад. Ин навъи пахтаро дар корхонаҳои истеҳсолӣ баробари дигар навъҳо коркард мекунанд. Зеро баъд аз ҷамъоварӣ пахта муддати ду моҳ ва ё зиёда аз он дар корхонаҳо нигоҳ дошта мешавад. Дар ин муддат нах қувватнокӣ ва тобовариро аз пунбадона хуб ҷаббида мегирад».
Ёдовар мешавем, ки соли 2020 дар вилояти Хатлон дар майдони 124 ҳазору 175 гектар пунбадона кишт шудааст.








Пагоҳ дар Душанбе Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» оғоз меёбад
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи ХБА ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок менамояд
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардид
Сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон иштирок намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» ва «Turkish Airlines» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бо сифати аъло дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи муносиб пайдо кардааст
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд






