Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода дар вохӯрии котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 18.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз вохӯрии ҳаштуми котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)- Тоҷикистон, Россия, Қазоқистон, Арманистон, Белорус, Туркманистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон тариқи видеоконфронс баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар кори ҷаласа Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои таъмини амният дар ҳудуди масъулияти Созмон, ҷараёни ҳамкорӣ байни давлатҳои иштирокчии ИДМ дар муқобилият бар зидди таҳдидҳои биологӣ дар ҳудуди ИДМ, вобаста аз таҷрибаи мубориза бар зидди паҳншавии бемории КОВИД-19, омодагии саривақтии соҳаи тандурустӣ ва саноат ба муқобили таҳдидҳои нави амнияти биологӣ, вазъи Афғонистон ва таъсири он ба амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дигар масъалаҳои умдаи амниятӣ мавриди таҳлилу баррасии иштирокчиёни ҷаласа қарор гирифтанд.
Ҳамчунин давлатҳои иштирокчии Созмон дар самти ҳамкории байнидавлатӣ дар мубориза бар зидди вируси нави КОВИД-19 мубодилаи афкор анҷом доданд.
Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии оқибатҳои пандемия дар кишвар ва бо ин мақсад барои тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо кишварҳои ИДМ ва дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир карда, дар ин самт мунтазам тадбирҳои судмандро роҳандозӣ менамояд.
Дар анҷоми ҷаласа як қатор санадҳои муҳим қабул гардиданд.
Акс аз манбаъҳои боз








Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд






