Муҳаммадюсуф Имомзода бо донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, вохӯрӣ намуд

Ноябрь 14, 2020 13:33

ДУШАНБЕ, 14.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия 12 ноябр вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бо донишҷӯёни тоҷике, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии хориҷи кишвар таҳсил менамоянд, баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илм.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин роҳбари Маркази илм ва фарҳанги Россия дар Душанбе «Россотрудничества» Иван Иванов, намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, корҳои хориҷӣ ширкат доштанд.

М. Имомзода ва И. Иванов суханронӣ карда, вобаста ба вазъи эпидемиявии ҷойдошта дар ҷаҳон, таҳсил дар шароити пандемия, корҳои анҷомдода дар самти интиқоли донишҷӯёни тоҷик барои таҳсил ба хориҷи кишвар ва чанде дигар ибрози андеша намуданд.

Таъкид гардид, ки масъалаи фиристодани донишҷӯёни тоҷик ба хориҷи кишвар пайваста зери таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ва Вазорати маориф ва илм қарор дошта, ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур чораҳои судманд андешида шуда истодаанд. Аз ин ҷост, ки чанд маротиба байни вазоратҳои маориф ва илми кишварҳо суҳбатҳо анҷом дода мешаванд.

Вазири маориф ва илм донишҷӯёнро ба дарки вазъияти мавҷуда даъват намуда, иброз дошт, ки ин вазъият на танҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҷой дорад, балки мушкилотест, ки ҷомеаи инсониро ба ташвиш овардааст.

Инчунин, пешниҳод гардид, ки то ба эътидол омадани вазъ дар кишварҳо донишҷӯён таҳсилро тариқи фосилавӣ идома диҳанд. Дар сурати дигар, агар хоҳиши дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил карданро дошта бошанд, метавонанд расман ба Вазорати маориф ва илм муроҷиат кунанд ва вобаста ба ихтисос ва факултет ба донишгоҳҳои кишвар қабул карда мешаванд.

Дар идомаи вохӯрӣ донишҷӯён ба як қатор саволҳои худ вобаста ба пардохти маблағи шартномаи таҳсил ва маблағ барои истиқомат дар хобгоҳ, анҷом додани корҳои амалию лабораторӣ тавассути дарсҳои онлайнӣ, ҷамъбасти сессияҳо ва иштирок дар супоридани имтиҳонҳо ва чанде дигар аз ҷониби вазири маориф ва илм ва роҳбари Маркази илм ва фарҳанги Россия дар Душанбе «Россотрудничества» посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар охир вазири маориф ва илм аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки дар сурати пеш омадани мушкилот дар самти таҳсил бевосита ба Вазорати маориф ва илм муроҷиат намоянд.

АКСҲО аз Вазорати маориф ва илми ҶТ

Ноябрь 14, 2020 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд