РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ: «БАРОИ ТОҶИКИСТОН ҲАМКОРИҲОИ ГУНОГУНҶАНБА БО РОССИЯ АҲАМИЯТИ ҶИДДӢ ВА АВВАЛИНДАРАҶА ДОРАНД». Сафари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе ба ФР идома дорад

Ноябрь 25, 2020 14:03

ДУШАНБЕ, 25.11.2020/АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зимни сафари расмӣ ба шаҳри Москва дирӯз бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Россия Валентина Матвиенко  дидору гуфтугӯ  намуданд. Рустами Эмомалӣ таъкид доштанд,  ки ҳамкориҳои дӯстона ва шарикии Тоҷикистону Россия имрӯз дар тамоми самтҳо мунтазам рушд доранд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  сомонаи расмии Шӯрои Федератсияи ФР.

«Боварӣ дорам, ки натиҷаҳои гуфтушуниди имрӯза ба рушди ҳамкориҳои минбаъда дар тамоми соҳаҳо такони ҷиддӣ мебахшанд. Рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Россия ҷанбаи муҳими рушди сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст», — иқтибос овардааст суханони  Рустами Эмомалиро агентӣ.

Sputnik навиштааст, ки  Раиси палатаи болоии парламенти Тоҷикистон инчунин дар бораи ҳамкориҳои байнипарлумонии ду кишвар  изҳори назар намудаанд.

«Тамоси доимии байнипарлумонӣ миёни кишварҳо заминаи тамоми ҳамкориҳо миёни ду кишвар аст. Ҳамкориҳои байнипарлумонӣ имкон медиҳад бо якдигар бештар дидор кунем ва масоили муҳиму мубрамро баррасӣ намоем ва ба масоили гуногун табодули назар намоем», —  зикр намуданд Рустами Эмомалӣ.

Рустами Эмомалӣ ҳамчунин ба ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар низ ишора карда,  гуфтаанд, ки  барои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия имрӯзҳо механизмҳои зиёди ҳамкорӣ вуҷудпнд.

«Имрӯз Тоҷикистону Россия дар соҳаҳои гуногун ҳамкориҳои хубро ба роҳ мондаанд, аз ҷумла ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ,  иқтисодӣ, гуманитарӣ, низомӣ, низомӣ-техникӣ ва ғайра ҳамкории зич доранд», —  изҳор намуданд Рустами Эмомалӣ. Аз ҷумла, зикр карда шуд, ки  гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Россия дар нуҳ моҳи соли равон ба 723 миллион доллари ИМА расидааст. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ илова карданд, ки Россия сармоягузори муҳими Тоҷикистон аст.

Дар фарҷоми  мулоқот Рустами Эмомалӣ аз Валентина Матвиенко даъват намуданд, ки дар вақти барояшон мувофиқ ба Тоҷикистон ташриф биоранд.

Валентина Матвиенко дар зимн хабар додааст, ки Рустами Эмомалӣ рӯзи 25-уми ноябр бо шаҳрдори Москва Сергей Собянин, Раиси Думаи давлатии ФР  Вячеслав Володин ва ноиби сарвазири Россия, ҳамраиси Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистон ва Россия Алексей Оверчук дидору гуфтугӯ хоҳад дошт. Ҳамчунин қарор аст, ҷаласаи комиссияҳои байнипорлумонии ду давлат  баргузор гардад.

                                                 АКС: Шӯрои Федератсияи ФР

Ноябрь 25, 2020 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»