Се дзюдочии маъруфи тоҷик дар раддабандии нави ҷаҳонӣ оид ба дзюдо дар мавқеи хуб ҷойгиранд

Ноябрь 2, 2020 16:25

ДУШАНБЕ, 02.11.2020 / АМИТ «Ховар» /. Федератсияи ҷаҳонии дзюдо  (IJF) феҳристи варзишгарони   ҷаҳонро дар шакли раддабандӣ ба нашр расонид, ки миёни   дзюдочиёни ҷаҳон  3 паҳлавони шинохтаи  тоҷик низ ҷойгиранд. Миёни паҳлавонони вазни -73 кг Сомон Маҳмадбеков мақоми 14-умро соҳиб шуда, 3202 хол ба даст овардааст. Дар ҳамин вазн дар мақоми 16-ум паҳлавони дигари тоҷик Беҳрузи Хоҷазода ҷой гирифтааст. Ӯ соҳиби 2708 имтиёз мебошад. Варзишгари  дигари тоҷик Комроншоҳ Устопириён бо 2024 имтиёз дар мақоми 25-уми вазни то 90 кг қарор дорад.

Дар ин бора  аз  Федератсияи  дзюдои  Тоҷикистон ба шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба ғайр аз ин се нафар паҳлавони сангинвазни тоҷик Темур Раҳимов дар вазни +100 кг бо 1821 имтиёз мақоми 28-умро касб кардааст.

Хотиррасон  мешавем, ки раддабандии нави дзюдои ҷаҳонӣ баъди баргузории Grand Slam-и Будапешт сурат гирифт, ки  он 23-25  октябри соли равон баргузор гардида буд.

Ноябрь 2, 2020 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд