Собиқ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии гастроэнтерология таъйин шуд

Ноябрь 14, 2020 14:18

ДУШАНБЕ, 14.11.2020 / АМИТ «Ховар» /. Собиқ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии гастроэнтерологияи Тоҷикистон таъйин шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» роҳбари маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Эмомалӣ Мирзо хабар дод.

Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии гастроэнтерологияи Тоҷикистон соли 1965 дар заминаи Академияи илмҳои Тоҷикистон барои табобати бемориҳои системаи ҳозима ва ҷигар таҳти роҳбарии академик Ҳамид Мансуров таъсис ёфтааст.

Пажӯҳишгоҳ маркази илмӣ, ташкилӣ, методӣ, машваратӣ, клиникӣ ва таълимӣ буда, муассисаи асосии Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар самти табобати бемориҳои системаи ҳозима мебошад.

Ноябрь 14, 2020 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон баргузор мегарданд
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳамчун ворисони аслии тамаддуни ориёӣ суннатҳои наврӯзиро минбаъд низ пос дорем»
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз моро ба некиву накукорӣ даъват мекунад»
ГУЛҲОИ ВАТАН ДАР ЧАКАНИ МАН. Ин мероси пурарзиши ниёгон фарҳанг ва таърихи куҳани тоҷиконро инъикос менамояд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз ба ягон дину мазҳаб пойбанд нест»