«Стандартҳои байналмилалӣ. Меваҳои Тоҷикистон беҳтаринанд», «Санҷиши биоэквивалентнокии дору талаби замон аст», — шарҳи матбуоти даврӣ
ДУШАНБЕ, 26.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Қарору фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021», ҷараёни корҳои бунёдкориву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ ба коронавирус аз ҷумлаи муҳимтарин маводи матбуоти даврии Тоҷикистон мебошанд, ки давоми ҳафтаи сипаригардида ба нашр расиданд.
Шарҳи мухтасари хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин бора.
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар шумораи №225 (24 080) душанбе, аз 23 ноябр таҳти унвони «Парчам рамзи иттиҳоду якдилист» маводи таҳлилии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Наҷмиддиниён ва Ғиёсиддин Шарифзодаро ба нашр расонидааст.
Муаллифон нигоштанд, ки «…мо ба Парчами давлатиамон, ки ба далериву шуҷоатмандӣ, муттаҳидиву ягонагиву вафодорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳидоят мекунад ва рӯҳи озодихоҳӣ мебахшад, арҷ мегузорем. Дар ин рӯзгори босаодат боз ҳам муттаҳидтар бошем, ҳар ваҷаб хоки поку муқаддаси Ватанамонро ҳифз намоем, дар ободонии он саҳм бигирем, парчамбардорони миллатамон бошем».
Ҳамчунин хонандагони рӯзнома метавонанд дар ин нашри шумора, ки мақолаҳои «ҚОТИЛИ НАҲЗАТӢ ё Абдулло Муқаррабиро кӣ кушт?», «ИЛМ ВА ИСТЕҲСОЛОТ. Афзалияти боғҳои тиҷоратӣ», «Сайёҳии экологӣ-омили рушди устувор», «Санҷиши биоэквивалентнокии дору талаби замон аст», «СТАНДАРТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Меваҳои Тоҷикистон беҳтаринанд» ва дигар хабару гузоришҳоро аз ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат ва ҷаҳон мунташир намудааст, маълумот пайдо намоянд.
Дар саҳифаи аввали «Ҷумҳурият» №226 (24 081), сешанбе, аз 24 ноябр таҳти унвони «Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ» нашр шудааст, ки дар он, аз ҷумла чунин омадааст: «… дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо парчам ҳамчун нишони сарисинагӣ аз ҷониби сокинони мамлакат, инчунин дар манзилҳои истиқоматӣ ба сифати рамзи ифтихору ватандӯстӣ васеъ истифода гардад».
Дар ин шумора хабару гузориш аз баргузории Рӯзи Парчами давлатӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилоти давлатӣ чоп шудаанд. Инчунин дар ин нашр дар гӯшаи «Варзиш», «Ҷаҳон дар як сатр» ва «Ҷаҳон» хабарҳои ҷолибро нашр намудаанд.
Дар шумораи навбатии рӯзномаи «Ҷумҳурият» №227 (24 082), чоршанбе, аз 25 ноябр сафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россия, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъйиноти кадрӣ ва оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» нашр шудаанд.
Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Садои мардум» дар шумораи нашри рӯзи сешанбе, №142 (4248) аз 24 ноябр фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъйиноти кадрӣ, қарорҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Рӯзи Президенти ҷумҳурӣ барои қадрдонӣ аз хизматҳои таърихӣ муқаррар гардидааст», «Рисолати раҳнамунсози Парчами давлатӣ», «Шукуфоии Тоҷикистон ва ғаши нотавонбинон» ба нашр расонидааст.
«Садои мардум» дар шумораи нашри рӯзи панҷшанбе,№143 (4249) аз 26 ноябр Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақолаҳои «Парчам рамзи давлатдорӣ, шуҷоату мардонагӣ ва ғурури миллӣ мебошад», «Ватандӯстӣ аз эҳтиром ба парчам маншаъ мегирад», «Истеъдодҳо кашф шуданду камбудиҳо ифшо», «ҶАЙҲУН. Чаро сохтмони мактаб 13 сол аст ба охир намерасад?», «НАРОДНАЯ ГАЗЕТА» инъикосгари сиёсати Ҳукумати ҷумҳурист» ва нашри пурраи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021»-ро ба нашр расонидааст.
Нашрияи расмии русзабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон —«Народная газета» аз 25 ноябр, №49 (20279), дар саҳифаи аввал мавод таҳти унвони «СМИ должны быть надежным щитом национальных интересов» ва «Народная газета»- золотая летопись Таджикистана»-ро чоп кардааст.
Дар маводи «Народная газета»- золотая летопись Таджикистана», ки муаллифи он Сармуҳаррири рӯзнома Маҳбуба Камолова мебошад, доир ба фаъолияти 95-солаи рӯзнома сухан меравад. Маводи таҳлилӣ чунин оғоз шудааст: «Сегодня в свет вышел 2027-й номер издания Правительтва Республики Таджикистан «Народная газета».
Ровно 95 лет назад в ноябре 1925 года к восьмой годовщине Великой Октябрьской социалистической революции вышел первый номер газеты «Советкий Таджикистан», положив тем самым начало ее интересной и яркой жизни».
Дар ин шумора мақолаҳои «Народная газета»- моя новая жизнь», «Любимое народное издание», «Вклад коллектива «Народной газеты» в освещение процессов созидания и развития Республики Таджикистан» ва ғайраҳо нашр гардидааст. Инчунин дар ин шумора бахшида ба 95-солагии рӯзнома таҳти унвони «Нас поздравляют..» табрикоти вазирон, роҳбарон, рӯзноманигорон ва чеҳраҳои сиёсӣ чоп шудаанд.
«Минбари халқ»- нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи 48, чоршанбе, аз 25 ноябри соли равон хабару гузоришҳоро оид ба баргузории Рӯзи Парчами давлатӣ дар мамлакат ва аз ҳаёту фаъолияти як ҳафтаинаи ҳизб интишор намудааст.
Дар ин шумора ҳамчунин мақолаҳо таҳти унвони «Парчам ва ҳувияти миллӣ», «Аз дирафши Ковиёнӣ то парчами миллӣ», «Роҳи бегузаргоҳ ё ҳама ҷо гузаргоҳ», «Парчами ормонҳои миллӣ» «Хизмат ба ватан шараф аст», «Аз қатли Оми Сафавӣ то хиёнати Кабирӣ», «Китобро назди хонанда бурдем», «Таҳаввулот дар соҳаи китобдорӣ» ва дигар матолиб чоп гардидаанд.
Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»