СУТ фарқи зуком ва COVID-19-ро шарҳ дод

Ноябрь 13, 2020 12:48

ДУШАНБЕ, 13.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вирусҳои зуком ва коронавирус роҳҳои шабеҳи  интиқолёбӣ доранд ва аксар вақт аз рӯи тасвири  клиникӣ монанд мебошанд. Яке аз хусусиятҳои хоси COVID-19 гум намудани  баъзе беморон ҳисси бӯй ва маза мебошад, гарчанде ки ин нишонаҳо хоси танҳо ин беморӣ нестанд. Дар ин ҳолат, санҷиши дурусти тестӣ ҷиҳати таъмини ошкорсозӣ ва назорати самараноки зуком ва COVID-19 барои андешидани чораҳои дуруст муҳим аст. Дар ин бора намояндаи расмии СУТ Тарик Язаревич 12 ноябр ба ТАСС иброз  намуд (ДАР СУРАТ).

Тавре ки роҳбари гурӯҳи омодагӣ ва вокуниш ба зукоми СУТ Энн Моен қаблан дар як брифинг дар Женева қайд карда буд, зуком ва COVID-19 метавонанд ҳамзамон гардиш кунанд,  нишонаҳои мушобеҳ дошта бошанд ва барои ҳангоми муайян кардани ташхис хато накардан, аз санҷиши тестӣ дар озмоишгоҳҳо гузаштан зарур аст. «Ягона роҳи воқеан дақиқ муайян кардани он, ки гап дар бораи зуком меравад ё COVID-19, ин санҷиши тестӣ дар озмоишгоҳ аст», — гуфт вай. Моен илова намуд, ки ба худташхискунӣ  зарурат нест. Агар нишонаҳо мулоим бошанд ва танҳо аз атса задан бидуни  ҳарорат ё бо ҳарорати паст иборат бошанд, пас метавонед дар хона бимонед. «Аммо, агар нишонаҳо ҷиддӣ бошанд, аз ҷумла мушкилии нафаскашӣ, таби баланд, инчунин дигар нишонаҳои ҷиддии беморӣ мавҷуд бошанд, пас бояд ба духтур муроҷиат карда шавад», — таъкид кард коршинос. Ба шахсони саломатиашон заиф ва занони ҳомила вай маслиҳат дод, ки ҳатто дар сурати набудани нишонаҳои ҷиддӣ ҳам ба духтур муроҷиат кунанд.

СУТ чунин мешуморад, ки дар шароити паҳншавии ҳамзамони ду беморӣ, дар навбати аввал бояд кормандони тиб ва пиронсолон алайҳи зуком эмгузаронӣ шаванд. Инчунин дар гурӯҳи афзалиятнок кӯдакон, занони ҳомила ва шахсони саломатиашон заиф шомил мебошанд, иброз дошт Тарик Язаревич.

Вале, бо дарназардошти мушкилоте, ки ҳоло соҳаи тиб бо онҳо рӯ ба рӯ шудааст, талабот ба ваксинаи зуком метавонад дар баъзе кишварҳо аз пешниҳод дида зиёдтар бошад, қайд мекунанд коршиносон. Аз ин лиҳоз коршиносони соҳаи эмгузаронии СУТ чунин мешуморанд, ки дар шароити пандемияи COVID-19, дар байни панҷ гурӯҳи осебпазир, кормандони соҳаи тандурустӣ ва пиронсолон афзалияти баландтари эмгузаронии алайҳи зуком доранд.

СУТ интизор дорад, ки бо сабаби фаро расидани мавсими зуком дар нимкураи Шимолӣ, давлатҳо нақшаҳои худро дар бахши мубориза бо зуком дар шароити пандемияи COVID-19 мутобиқ мекунанд. Язаревич таваҷҷӯҳро ба тавсияҳое, ки 6 ноябр дар ин бора нашр шудаанд, ҷалб кард. СУТ хотирнишон кард, ки ҳар сол то 1 миллиард нафар гирифтори зуком мешавад, дар айни ҳол аз 3 то 5 миллион бемориро ба сахтӣ мегузаронанд ва то 650 ҳазор нафар аз мушкилоти роҳи нафас фавт мекунанд. Гарчанде ки имсол дар нимкураи Ҷанубӣ ҳолатҳои зуком назар ба солҳои қаблӣ камтар ба қайд гирифта шудаанд ва мутахассисон онро ба маҳдудиятҳои санитарӣ бо сабаби COVID-19 вобаста медонанд, аммо мутмаин нестем, ки вазъ дар нимкураи Шимолӣ дар мавсими зукоми солҳои 2020-2021 низ ҳамин тавр хоҳад буд, қайд карданд дар СУТ.

Дар сурати бекор намудани чораҳои маҳдудкунандаи марбут ба коронавирус дар нимкураи Шимолӣ, интиқоли зуком метавонад афзоиш ёбад ва боиси гардиши ҳамзамони зуком ва COVID-19 гардад. Ин ҳолат ба аҳолии осебпазир ва системаҳои тандурустӣ дарди сари иловагӣ хоҳад овард, мегӯянд мутахассисони СУТ.

                                                                       Акси: TRT WORLD

Ноябрь 13, 2020 12:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин