СУТ: То имрӯз дар ҷаҳон зиёда аз 60 миллион нафар аз коронавирус сироят ёфтаанд

Ноябрь 26, 2020 12:31

ДУШАНБЕ, 26.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз 60 миллион нафар дар ҷаҳон аз коронавирус сироят ёфтаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), ки онро дар асоси маълумоти мақомоти федералӣ ва маҳаллӣ, инчунин ташкилоти байналмилалӣ омода мекунад.

Тибқи маълумоти СУТ, дар ҷаҳон шумораи сироятёфтагон то соати 10:00 (ба вақти Душанбе) -и 26 ноябр 60 037 735 нафарро ташкил медиҳад, 1 414 513 нафар ҷон бохта ва 38 442 797 нафар шифо ёфтаанд. Шумораи аз ҳама зиёди сироятёбиҳо — 12 642 245 рӯйдод — дар ИМА ошкор шудааст. Аз рӯи шумораи сироятёбӣ (9,222,216) Ҳиндустон дар ҷойи дуюм ва Бразилия, ки дар он ҷо 6 118 708 нафар шаҳрванд сироят ёфтааст, дар ҷойи сеюм мебошанд.

Россия, тибқи маълумоти СУТ, аз рӯи шумораи рӯйдодҳои сабтшуда дар ҷои панҷум қарор дорад. Тибқи маълумоти ситоди фаврии федералии мубориза бо коронавирус, дар Федератсияи Россия 2162503 рӯйдоди сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст.

Мутобиқи маълумоти СУТ, давоми рӯзи гузашта дар Тоҷикистон 37 рӯйдоди нави сироятёбӣ бо COVID-19 сабт шудааст ва шумораи умумии гирифторони коронавируси нав дар давраи аз 30 апрел то 25 ноябр ба 12 008 нафар расидааст.

Тавре АМИТ «Ховар» дирӯз бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода буд, дар тӯли  шабонарӯзи охир 40 нафар пас аз табобат рухсат шуданд ва то имрӯз дар мамлакат 11395 нафар ё ин ки 94,9% -и сироятёфтагон аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Ҳамзамон дар давраи аз 30 апрел то 25 ноябр 86 нафар аз COVID-19 ҷон бохтаанд.

                                                                        АКСИ: coronavirus-online.ru

Ноябрь 26, 2020 12:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид