Таҳти фармон саф кашем! Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади идона баргузор гардид

Ноябрь 10, 2020 15:40

ДУШАНБЕ, 10.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ҳайати мушовара, роҳбарон ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ҷамъомади идона баргузор гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии мамлакат иттилоъ доданд.

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ҳамоишро ифтитоҳ  намуда,  генералҳо, афсарон, собиқадорон ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилиро ба муносибати Иди касбиашон табрик гуфта, барояшон саломатӣ, муваффақияту комёбӣ ва фаъолияти содиқонаву софдилона таманно намуд.

Рамазон Раҳимзода аз дастгириву ғамхориҳои ҳамаҷониба ва таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдрас гардида, зикр дошт, ки «ҳамаи ин пешрафту дастовардҳои мақомоти корҳои дохилӣ аз дастгириву ғамхориҳои Роҳбари давлат нисбат ба мо, кормандон аст, ки имрӯз бо биноҳои хуштарҳу замонавӣ, техникаву дастгоҳҳои муосири хизматӣ ва тамоми шароити кориву маишӣ таъмин гардидаем».

Дар баробари ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми табрикии худ тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилиро бо Рӯзи милитсияи тоҷик  табрик гуфта, афзуданд: «Эътимоди комил дорам, ки ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ минбаъд низ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ барои мубориза бо ҷинояткорӣ, таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таъмини волоияти қонун содиқона заҳмат мекашанд ва ба халқу Ватан бошарафона хизмат мекунанд». Ин нукта мояи сарфарозӣ ва хушбахтии мо мебошад, ки боварии Пешвои миллатро сазовор гардидаем.

Вазири корҳои дохилӣ доир ба маъракаҳои сиёсии ҷумҳурӣ — интихоботи вакилони Парлумон, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маросими савгандёдкунии Сарвари давлат ибрози андеша намуда, зикр кард, ки «Савганди Сарвари давлат- ин савганди ҳамаи мо, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мебошад, то ки мо аз ин дида минбаъд бояд боз ҳам баҳри пешрафту тараққиёти Ватани азизамон, волоияти қонун, пешгирии қонуншиканӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон кӯшишу ғайрат ва садоқат нишон диҳем, зеро пешрафти давлат ин пешрафти мо, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аст».

Ҳамзамон Вазири корҳои дохилӣ аз қабули паёмҳои шодбошии вазорату сохторҳои давлатӣ, вазирони корҳои дохилии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ворид гардидаанд, ёдовар гардида, аз ҳамкории судманди шаҳрвандон бо кормандони милитсия ва баланд гардидани касбияти кормандони милитсия ибрози андеша намуд.

Вазири корҳои дохилӣ гуфт, ки ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар оянда низ аз иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда бо сарбаландӣ мебароянд.

Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфарозгардонии корманди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ Хуршед Мирзоев — нозири Хадамоти роҳбонӣ-дидбонии ротаи Хадамоти роҳбонӣ-дидбонии Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии РВКД дар шаҳри Душанбе бо медали «Ҷасорат» сарфароз гардид.

Инчунин бо Фармоиши Вазорати корҳои дохилӣ 800 нафар кормандони ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ бо рутбаҳои навбатӣ, нишонҳои сарисинагӣ, медалҳои соҳавӣ, ифтихорномаву сипосномаҳо, туҳфаҳои хотиравию маблағҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.

Ноябрь 10, 2020 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода