ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 ноябр, якшанбе, 327-умин рӯзи соли 2020 аст

Ноябрь 22, 2020 08:00

22 ноябри соли 2002 дар «Конгресс-сентр»-и шаҳри Прага Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити давлатҳои узви Шӯрои шарикии Аврупою Атлантика, ки кишварҳои НАТО ва барномаи «Шарикӣ ба хотири сулҳ» (ҳамагӣ 46 кишвар) узви он мебошанд, суханронӣ карданд.

***

4 сол пеш, 22 ноябри соли 2016 дар Қасри миллат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 14 Сафири Фавқулода ва Мухтори кишварҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимоднома қабул намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1993 Арманистон пули миллии худ – драмро ба муомилот баровард.

 22 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Арманистон – Рӯзи кормандони бонкдорӣ.

***

Дар Ливан – Рӯзи истиқлол.

***

Дар Қирғизистон – Рӯзи кормандони прокуратура.

 РӮЙДОДҲО:

22 ноябри соли 1962 Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

***

22 ноябри соли 2013 масоили ҳамкории Тоҷикистон ва ИМА дар самтҳои амният, ҳарбӣ – сиёсӣ, иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва гуманитарӣ муҳокима карда шуданд.

***

4 сол пеш, 22 ноябри соли 2016 паҳлавони маъруфи тоҷик Парвиз Собиров дар  Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни собиқадорон (Veterans World Judo Championships 2016),  ки дар шаҳри Форт-Лодердейли иёлати Флоридаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир шуд,  сазовори ҷои якум ва медали тилло  гардид.

***

22 ноябри соли 2018 бахшида ба 25–умин солгарди ба имзо расидани «Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии тарафайн байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи «Тоҷикистон ва Россия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ» баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1966 Парлумони Испания Конститутсияи навро қабул намуд.

***

22 ноябри соли 1967 Шӯрои амнияти СММ барои баровардани ҷангиёни Исроил аз ҳудуди забтшудаи арабҳо қарор қабул кард.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1806 аввалин шумораи рӯзнома бо забони франкоӣ дар Канада  «Ле Канадиен» нашр  шуд.

Ноябрь 22, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш