Тоҷикистон ва Корея татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи инфрасохторро баррасӣ намуданд

Ноябрь 13, 2020 14:40

ДУШАНБЕ, 13.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо ҳайати Корея таҳти роҳбарии Намояндаи Ассотсиатсияи «Koshuma» Шин Ҷэ Бок мулоқот намуд. Инчунин дар мулоқоти мазкур Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сеул Юсуф Шарифзода иштирок кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Ҷонибҳо рушди ҳамкории дуҷониба, амиқгардонии ҳамкорӣ, бахусус татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи инфрасохтор, ташкили паркҳои технологӣ, марказҳои логистикӣ барои коркард ва содироти молҳоро бо ҷалби сармояи Корея дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ карданд.

Дар ҷараёни мулоқот А. Абдураҳмонзода зикр намуд, ки соли 2017 зимни сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми таъсиси МОИ «Панҷ» ба 3 корхона санги асос гузошта шуд, ки аз нав барқарор намудани фаъолияти корхонаҳои қобили таваҷҷуҳ мебошад.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки МОИ «Кўлоб» бо масоҳати 309 гектар соли равон ба кор шурўъ намуда, ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ дар самти таъсиси корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаҳои коркарди нахи пахта, бахусус корхонаҳои бузурги нассоҷӣ ҳама имтиёзҳои заруриро доранд.

Инчунин тазаккур дода шуд, ки иқтисоди рақамӣ дар мамлакат  босуръат рушд карда, имкони хуб барои роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Корея бо истифодаи таҷрибаи бойи Корея мебошад.

Пас аз анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаҳои мутақобилан судманд иброз намуданд.

АКС аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Ноябрь 13, 2020 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем