Тоҷикистон ва Россия тамринҳои муштарак баргузор мекунанд

Ноябрь 21, 2020 11:16

ДУШАНБЕ, 21.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар тамрингоҳҳои Лоҳур, Самбулӣ ва Ҳарб-Майдони Тоҷикистон тамринҳои муштараки низомиёни Россия ва Тоҷикистон оғоз ёфтанд. Дар ин бора фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбии Федератсияи Россия (ҲМҲ) генерал-полковник Александр Лапин (ДАР АКС) ба хабарнигорон иттилоъ дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Тамринҳо аз 20 то 28 ноябр баргузор гардида, ба се марҳила тақсим карда мешаванд.

Дар марҳилаи аввал воҳидҳои Россия малакаҳои ҳифз ва дифоъ аз иншооти стратегиро тамрин мекунанд. Дар марҳилаи дуввум дар якҷоягӣ бо низомиёни Тоҷикистон амалҳои ҷангӣ бар зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ гузаронида мешаванд.

ДАР АКС: фармондеҳи ҲМҲ ФР, генерал-полковник А. Лапин

Дар охир, низомиён оташкушоии маҷмӯӣ барои нобуд кардани рақиби шартиро тамрин мекунанд.

Хадамоти матбуоти ҲМҲ тавзеҳ дод, ки ҳамаи эпизодҳои тактикӣ бо истифодаи маҷмӯиҳо иктишофӣ-оташӣ ва иктишофӣ-зарбавӣ тамрин карда мешаванд.

Тавре қаблан «Спутник» хабар дод, низомиён таҷрибаи ҷангии дар Сурия андӯхтаро тамрин мекунанд. Дар ин бора зимни оғози тамринҳо ноиби фармондеҳи нерӯҳои ҲМҲ Россия, генерал-лейтенант Юрий Петров иттилоъ додааст.

«Шароити тамринҳо хеле наздик ба ҷангӣ хоҳад буд. Дар назар аст, ки шеваҳои нави ҷангӣ, ки дар Сурия андӯхта шудаанд, тамрин карда шаванд», — изҳор дошт Юрий Петров.

Ӯ тазаккур дод, ки тамринҳо ба таҳкими амалиёти муштарак ва муносибати якхела ба гузарондани амалиёти низомӣ бо назардошти шароити иқлимию географӣ равона гардидаанд, ки омодагии баланди низомиён ва руҳияи устуворро талаб мекунанд.

Дар котиботи ҲМҲ хабар доданд, ки низомиён дар марҳилаҳои тамринҳо таъмини амнияти иншооти муҳим, иҳотагирии гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ ва пешгирии ҳамлаи онҳоро тамрин мекунанд. Дар анҷоми тамринҳо оташкушоии маҷмӯӣ ва фароҳам овардани шароит барои нобуд кардани рақиби шартӣ дар назар аст.

«Ба тамринҳои муштарак авиатсия, техникаҳои зиреҳпӯш ва тақрибан 600 нафар низомиёни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шудаанд», — хабар дод ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Фаридун Маҳмадализода.

Ҳамагӣ ба тамринҳо беш аз 3 ҳазор низомӣ бо 550 воҳиди техникаи ҳарбӣ ва махсус, аз ҷумла чархболҳои зарбавӣ ва ҳарбӣ-нақлиётии Ми-24, Ми-8 МТВ5-1, танкҳои Т-72, мошинҳои навсозишудаи ҷангии БМП-2М, зиреҳпӯшҳои БТР-82А, БТР-80, системаҳои артиллерии оташи залпии «Град», «Ураган», гаубитсаҳои худгарди артиллерии «Гвоздика» ва «Акатсия» ҷалб шудаанд.

АКС аз бойгонӣ

Ноябрь 21, 2020 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад