Валиҷон Олимзода, муовини сардори Раёсати МТС-и назди Президенти ҶТ: «Ҷойи ифтихор аст, ки Қонуни асосии Тоҷикистон дар қатори беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон номбар мешавад»

Ноябрь 6, 2020 19:20

ДУШАНБЕ, 06.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 6 ноябр Рӯзи  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуда, он яке аз идҳои асосии миллии мо маҳсуб меёбад.  Расо 25 сол муқаддам, 6 ноябри соли 1994, дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул гардида буд. 

Вобаста ба ин санаи муҳим  муовини сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Валиҷон ОЛИМЗОДА дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин иброз намуд:

— Воқеан ҳам Конститутсия ҳуҷҷати муҳими сарнавиштсози миллату давлати мо маҳсуб мешавад.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора чунин гуфтаанд: «Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон торафт бештар мегардад».

 Аҳамияти Конститутсия қабл аз ҳама дар он аст, ки ба сифати Қонуни  Асосӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад. Тамоми ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии мамлакат бар асоси ҳамин санади олӣ ба роҳ андохта мешавад.

 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошад, бо чунин сатрҳо оғоз мепазирад: «Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем».

Дар Конститутсия мавқеи асосиро ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳад, зеро риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз нишонаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёду демократӣ мебошад. Тамоми боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз моддаи 14 то 47-ро дарбар мегирад, ба ҳуқуқу озодиҳои инсон бахшида шудааст. Дар давлати ҳуқуқбунёд давлат ва шаҳрванд назди якдигар масъуланд.

Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро расман эълон намуда, масунияти (дахлнопазирии) моликияти шахсӣ, соҳибистиқлолӣ, сарҳади давлатиро  кафолат дода, дар айни ҳол барои дар амал татбиқ шудани онҳо шароит фароҳам меорад.

Барои мисол, дар Конститутсияи  Тоҷикистон шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти давлатӣ, моликияти коммуналӣ, моликияти хусусӣ кафолат дода шудаанд. Тибқи моддаи 12-и Конститутсия давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳамаи шаклҳои моликиятро  эълом доштааст.

Конститутсия ба шаҳрвандони хориҷӣ, шахсиятҳои ҳуқуқии хориҷӣ ва шахсиятҳои бетабаа низ   ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳанд. Ҳуқуқу озодиҳои ақалиятҳои миллӣ ба дараҷаи маъёри ҳуқуқии конститутсионӣ бардошта шудаанд. Аз ҷумла, ақалиятҳои миллӣ метавонанд бо забони модариашон гуфтугу кунанд, таҳсил намоянд ва фарҳанги миллии худро озодона рушд бидиҳанд.

Мавриди зикр аст, ки бо мақсади боз ҳам устувор гардидани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, оғози раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикиву озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшидани кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ба Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 дар асоси раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Хуллас, Конститутсия баёнгари фарҳанги ҳуқуқӣ ва ҷаҳонбинии пешрафтаи халқи тоҷик буда, истиқлолияти давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқӣ асос мебахшад. Конститутсия Тоҷикистонро давлати демократӣ, соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ эълон  намудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мутахассисони Федератсияи Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Аврупо баҳои баланд гирифта, яке аз панҷ беҳтарини конститутсияи беҳтарини  давлатҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА)  эътироф гардидаст.

Албатта, ҷойи ифтихор аст, ки Қонуни асосии Тоҷикистон  дар қатори беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон номбар мешавад. Тоҷикистон тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар сиёсати дохилӣ ва чи дар сиёсати хориҷӣ дар асоси меъёрҳои ҳуқуқии конститутсионӣ амал намуда, дар сохтмони давлати демократӣ ҳуқуқбунёд,  иҷтимоӣ, дунявӣ ва ягона ба муваффақиятҳои калон ноил гардид.

Ноябрь 6, 2020 19:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода