Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар ҷаласаи 35-уми Шӯрои ҳамкории фарҳангии кишварҳои узви ИДМ ширкат варзид
ДУШАНБЕ, 19.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 ба шаҳри Душанбе мақоми «Пойтахти фарҳангии Иттиҳод» дода мешавад. Ин нукта 18 ноябр дар ҷаласаи ХХХV Шӯрои ҳамкории фарҳангии кишварҳои узви ИДМ, ки ба таври онлайн баргузор шуда, Тоҷикистонро дар он Вазири фарҳанги мамлакат Зулфия Давлатзода намояндагӣ намуд, баён гардид.
Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Вазири фарҳанги мамлакат Зулфия Давлатзода доир ба пурзӯр шудани мубодилаи фарҳангии кишварҳо, ҷараёни Барномаи тадбирҳои асосии ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2016-2020, таҷлили 75-умин солгарди Ғалабаи бузург, омодагии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе ба мақоми «Пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2021» сухан гуфт.
Дар ҷаласа намояндагони Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Осорхонаи миллии таърихии Ҷумҳурии Беларус, Академияи мусиқии Россия ба номи Гнесинс, Кумитаи байналмилалии Делфӣ ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни ҷаласа оид ба имкони баргузории Намоишгоҳи байналмилалии «ART EXPO» -и кишварҳои узви ИДМ дар солҳои 2020-2022 ва дигар масъалаҳои мубрами соҳаи ҳамкории фарҳангӣ эълом карда шуд. Инчунин зикр намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамгироии башардӯстонаро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд, ташаббусҳо ва лоиҳаҳои назаррасро дар соҳаи фарҳанг фаъолона таблиғ ва дар амал татбиқ менамояд, ки ба пур кардани ҳамкории фарҳангӣ дар фазои Иттиҳод равона карда шудаанд.
Намояндагони кишварҳои Иттиҳод бо назардошти ҳолатҳои пандемия ба татбиқи Барномаи «Чимкент — Пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2020» баҳои мусбат доданд. Ҳамчунин иштирокчиёни ҷаласа лоиҳаҳои Консепсияи Осорхонаи виртуалии мероси фарҳангии кишварҳои ИДМ ва Нақшаи тадбирҳои асосии таъсис ва рушди Осорхонаи виртуалиро ба таври умум маъқул дониста, тасмим гирифтанд, ки лоиҳаи Низомномаи осорхонаро таҳия кунанд. Гуфта шуд, ки дар сайти Кумитаи иҷроияи Иттиҳод дар асоси пешниҳодҳо сафҳа (бахш)-ҳои осорхонаҳо, ки дар веб-маъхазҳои худ нигораҳои виртуалӣ доранд (cis.minsk.by/museums), ташкил карда шудаанд.
Ҳамчунин аъзои Шӯро масъалаҳои ҳамкории байналмилалии донишгоҳҳои санъати давлатҳои аъзои ИДМ, ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифз ва барқароркунии мероси хаттӣ, оммавӣ гардонидани фарҳангҳои миллӣ ва якчанд масъалаҳои дигарро баррасӣ намуданд.
Дар интиҳои ҷаласа қарор қабул гардид, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкории фарҳангии кишварҳои Иттиҳод соли 2021 дар Ҷумҳурии Беларус дар доираи раёсати он дар ИДМ баргузор шавад.









Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






