Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки ҳарчи зудтар системаи фурӯши онлайни чиптаҳоро ҷорӣ кунанд

Ноябрь 16, 2020 09:00

ДУШАНБЕ, 16.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии COVID-19 дар мавриди фаъол намудани системаи фурӯши озоди чиптаҳо барои парвозҳои интиқолии ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон аз шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Россия қарор қабул кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Ҳамзамон бинобар набудани зарурати тартиб додани рӯйхати қишрҳои осебпазири шаҳрвандони Тоҷикистон барои шомил намудан ба парвозҳои интиқолӣ, фаъолияти комиссияҳои махсуси назди Сафорати Тоҷикистон дар Москва ва консулгариҳои генералии кишвар дар Россия қатъ карда мешавад», — изҳор намуданд дар Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.

Ҳамватанон метавонанд чиптаҳои парвозҳои интиқолиро аз нуқтаҳои расмии фурӯши ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Россия харидорӣ кунанд.

«Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон дархост кардааст, ки ҳарчи зудтар системаи фурӯши онлайни чиптаҳоро фаъол кунанд», — зикр намуданд дар Вазорати корҳои хориҷӣ.

Ба таваҷҷуҳи шумо мерасонем, ки ҳамватанони ба Ватан бозгарданда бояд ташхисномаи тиббиро дар бораи надоштани сирояти коронавирус (COVID-19) бо худ дошта бошанд, ки дар натиҷаи озмоиши тестӣ бо усули таомули занҷирии полимеразӣ (ПТР) на дертар аз 96 соат (4 рӯз) пеш аз вуруд ба Тоҷикистон гирифта шуда бошад. Кӯдакони то 3-сола аз зарурати пешниҳоди чунин ташхиснома озоданд.

Ноябрь 16, 2020 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад