26 СОЛИ ПУРСАМАР. Имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон солгарди таъсисёбии худро таҷлил намуд

Декабрь 10, 2020 14:00

ДУШАНБЕ, 10.12.2020/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз,  10 декабр,  ба фаъолияти пурсамари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 26 сол пур шуд. Тӯли ин солҳо  ҲХДТ  тавонист дар таъмини зиндагии шоистаи мардум, некӯаҳволии халқ, рушди тамоми соҳаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, фарҳанг, иқтисод, иҷтимоиёт, илму маориф, тандурустӣ ва ғайра саҳми босазои худро гузошта,   барои таҳкими устувории сулҳу субот, амнияту оромӣ ва осоиштагии халқу кишвари Тоҷикистон мусоидат намояд.

Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар амалӣ намудани барномаҳои стратегии давлату Ҳукумат дар бахшҳои иқтисоду сиёсат, илму фарҳанг, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии мардум, беҳдошти рӯзгори сокинони ҷумҳурӣ хеле калон аст.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси  ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ “Бист қадами созанда”, ки ба ифтихори 20-солагии ҲХДТ рӯи чоп омада буд, иброз доштаанд: “Ҳизби мо табиатан халқӣ ва демократӣ мебошад ва он маҳсули тафаккури эҷодии халқи фарҳангофар ва созандаи мост. Мо пойбанди ҳеҷ як идеологияи бегона набудем ва нестем. Мо худ идеологияи ин ҳизбро ба вуҷуд овардем. Ба хотири мардуми азияткашидаамон ин ҳизбро таъсис додем”.

Дар ин суханон як ҷаҳон масъулият, самимият ва меҳру муҳаббат нисбати имрӯзу ояндаи халқ эҳсос мешавад.

Бале, идеологияи ҲХДТ аз масъулият, самимият ва меҳру муҳаббат таркиб ёфтааст. Идеологияи ҲХДТ идеологияест, ки ҷомеаи дар буҳрони маънавӣ ғуттаварро ислоҳ намуда, дар рӯҳияи созандагӣ тарбия кард ва давлатро аз ҳоли варшикастагӣ раҳонид.

Идеологияест, ки ҳисси худшиносӣ ва ғуруру номуси миллиро дар вуҷуди ҳар як сокини Тоҷикистон бедор кард.

Идеологияест, ки дар қалби ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ донаи сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату ягонагӣ кошт.

Идеологияест, ки Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва миллати тоҷикро ҳамчун миллати соҳибтамаддун ба ҷаҳониён муаррифӣ кард. Самараи он таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, пешрафти иқтисоду иҷтимоиёт ва торафт беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад.

Тавре қаблан хабар додем, имрӯз ба муносибати солгарди 26-уми таъсисёбии ҲХДТ Раиси он, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми шодбошӣ кулли аъзо ва фаъолони ҳизбро табрику таҳният гуфтанд.

«Ҳанўз  дар оғози таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон эълон дошта будам, ки мақсади асосӣ аз созмон додани ин ҳизб сарҷамъу муттаҳид кардани миллати тоҷик ва тамоми нерўҳои созандаву солимфикри ҷомеа, баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ватандўстиву ватанпарварии мардуми кишвар аст, ки ба хотири барпо кардани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ пешрафта ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар як шаҳрванди мамлакат талош варзанд», — омадааст дар Паёмип шодбошӣ.

Бино ба суханони Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, тайи солҳои сипаришуда   ҳизб садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии истиқлолу озодӣ, демократия, волоияти қонун ва баробарҳуқуқӣ собит намуда, то ба имрўз барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ гардонида истодааст.

Сарварни давлат  зикр намуданд, ки ҳизб дорои имкониятҳои васеи зеҳнӣ, амалӣ ва идоракунӣ буда, ҳамчун нерўи пешбар дар ташаккул ва татбиқи арзишҳои фарҳанги сиёсӣ дар Тоҷикистон нақши асосӣ мебозад.

«Дар барномаи ҳизби мо зикр шудааст, ки вазифаи ондар иртибот ба фазои басо мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир аз ониборат аст, ки барои таҳкими истиқлоли давлатӣ, суботу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамеша талош намояд. Маҳз ҳамин ҳадаф бояд самти асосиву муҳимтарини фаъолияти мо дар давраи минбаъда бошад», — гефтангд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

                                                                                 Аксҳо: КИ ҲХДТ

Декабрь 10, 2020 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»