Дар сомонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шакли электронии китоби «Тоҷикон» ҷойгир карда шуд

Декабрь 14, 2020 11:01

ДУШАНБЕ, 14.12.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нодиртарин китоби муаррифи тоҷикон — шоҳасари Бобоҷон Ғафуров — «Тоҷикон»-ро  (Душанбе, «Ирфон», 1983-1985, иборат аз ду ҷилд)  дар ҳамаи сомонаҳои мутааллиқ ба АМИТ интишор намудааст. Дар ин бора аз маркази матбуоти АМИТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Зикр шуд, ки шахсони пажуҳишгар метавонанд аз тариқи ин сомонаҳо бо муҳтавои китоби мазкур шинос шаванд.

Китоби «Тоҷикон»-ро академик Бобоҷон Ғафуров аз мавқеи таълимоти марксистӣ–ленинӣ навишта, дар он таърихи тоҷиконро дар давраҳои қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна баррасӣ намудааст. Агарчи ин китоб нимаи дувуми садаи гузашта ба табъ расида бошад ҳам, аммо то кунун аҳамияти илмии худро гум накарда, рӯз аз рӯз эътибори он меафзояд.

Ибтикори ҷавонмардонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар бораи ба ҳар хонадон тақдим намудани китоби «Тоҷикон» пайваста роҳандозӣ шуда, ягона роҳи худшиносии миллӣ низ воқиф гаштани шаҳрвандон аз таърихи ниёгон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки китоби «Тоҷикон» бори нахуст солҳои 1983-1985 ба забони тоҷикӣ интишор гардид ва айни замон матни тарҷумаи англисии он низ аз ҷониби олимони АМИТ анҷом пазируфтааст.

Ёдовар мешавем, ки  дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби «Тоҷикон» чоп гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Сарвари давлат ба ҳар оилаи мамлакат тақдим карда мешавад.

Тақсими китоби «Тоҷикон» аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардид.

Ин туҳфаи пурарзиши Пешвои миллатро ҳайате бо роҳбарии муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Собирзода ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ  бурд.

Декабрь 14, 2020 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Аз ёдгории таърихии «Сайёд» муҳри шоҳии марбут ба аҳди Кӯшониён дарёфт гардид
Таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат» конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшон баргузор мегарданд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Малакаи котибони озмун барои кор бо портали электронӣ такмил дода мешавад
Оид ба вазъ ва дурнамои хизматрасонӣ ба истифодабарандагон дар китобхонаҳо ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Варзоб баргузор шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Муъминобод шукуҳманд баргузор гардид
Имрӯз дар боғҳои пойтахт рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Варзоб ва Муъминобод баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар Душанбе баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Тоҷикободу Нуробод бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд