ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Хуҷанд пас аз навсозӣ яке аз калонтарин кӯдакистонҳо дубора фаъол мегардад

Декабрь 19, 2020 10:03

ДУШАНБЕ, 19.12.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Ба истиқболи сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази маъмурии вилояти Суғд бунёду таъмир ва навсозии беш аз 510 иншооти гуногуни дорои аҳамияти иҷтимоиву иқтисодӣ ба нақша гирифта шуда, дар ин самт имрӯзҳо корҳои сохтмонӣ бомаром ҷараён доранд.

Яке аз чунин иншооти ҷашнӣ кӯдакистони №35 мебошад, ки бинобар ниёз ба таҷдиду навсозӣ доштан қариб 20 сол инҷониб фаъолият надошт.

Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, кӯдакистони мазкур дар яке аз маҳаллаҳои сераҳолитарини шаҳр-қасабаи 13-ум ҷойгир буда, он барои 320 нафар тарбиятгиранда пешбинӣ гардидааст. Алҳол тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар 5 бинои ин муассисаи таълимӣ аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ, чун ҶДММ «Муҳандис» ва ҶДММ «Юсуф 2016» корҳои сохтмонӣ бо харҷи лоиҳавии 9 миллион сомонӣ оғоз гардида, фармоишгари сохтмон идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд мебошад.

Зимни навсозии кӯдакистон аз ҷониби ширкатҳои сохтмонӣ тамоми имконоти инфрасохтори муосир ба назари эътибор гирифта шуда, масъулини Корхонаи давлатии «Истифодабарии манзили соҳили рост»-и шаҳр бобати обод гардонидани ҳудуди муассисаи таълимӣ, шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз ва гулу гулбуттаҳо дар ин мавзеъ ва инчунин  ороиши биноҳои баландошёнаи атрофи кӯдакистон вазифадор гардидаанд.

Ҳамзамон ба иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси шаҳр давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар асоси 98 банди нақшаи чорабинӣ корҳои бунёду таъмирӣ амалӣ гардида, аз ҷумла, 6 адад корхонаҳои истеҳсолӣ, 3 муассисаи ташхисию табобатӣ, 1 боғи фарҳангию фароғатӣ, 1 расадхона, 5 маркази хизматрасонӣ, 8 бинои истиқоматии баландошёна ва зиёда аз 106 нуқтаи савдою хизматрасонӣ ва дигар иншооти гуногун ба маблағи 135 миллиону 152 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дар ин замина 650 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст.

Дар ин давра ҳаҷми маблағгузории асосӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ 171,7 миллион сомониро ташкил дода, ба маблағи 149,6 миллион сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба анҷом расонида шудаанд. Ҳаҷми фондҳои асосии ба истифода додашуда аз ҳамаи сарчашмаҳо 105,3 млн. сомониро ташкил дода, аз тарафи корхонаҳои пудратӣ ҳаҷми корҳои ба сомон расонидашуда 116,6 млн. сомониро ташкил кардааст.

Ёдовар бояд шуд, ки айни ҳол дар маркази маъмурии вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд 46 кӯдакистони давлатию хусусӣ  фаъолият дошта, дар он 8 ҳазору 226 нафар тарбиятгирандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Декабрь 19, 2020 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешавад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара ҳашари тозагӣ ва сабзкорӣ гузаронида шуд
СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 546 синфхонаи иловагӣ ва 11 муассисаи томактабӣ сохта мешавад