ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Ҳисор аз ҷониби бародарон Сатторовҳо иншооти иҷтимоӣ бунёд гардид

Декабрь 18, 2020 10:30

ДУШАНБЕ, 18.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Хирманаки Ҷамоати деҳоти Сомони  шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода иншооти иҷтимоие, ки аз ҷониби соҳибкорон — бародарон Сатторовҳо бо дастгирии сокинони деҳа  бунёд гардидааст,  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре аз маркази матбуоти раиси шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд, бино аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум  маркази хизматрасонии тиббӣ бо ҳуҷраҳои доругузаронӣ, қабул ва муоинаи беморон, инчунин хатнакунии кӯдакон сохта шудааст. Дар ошёнаи дуюми бино маҷлисгоҳ бо 150 ҷои нишаст ва утоқи корӣ барои раиси маҳалла ҷойгир аст. Бино бо тарҳу намуди зебо оро ёфта, маҷлисгоҳ бо фаршҳои гармкунандаи замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Дар ин марказ 5 нафар духтарон соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.

Ба истифода додани бинои мазкур мушкилоти сокинони деҳа ва деҳаҳои атрофи онро дар дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ осон намуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор барои иҷрои чунин иқдоми наҷиб ҷиҳати ободонии маҳал соҳибкор Баҳромҷон Сатторовро  бо «Сипоснома» қадршиносӣ намуд. Зикр шуд, ки аз ҷониби ин оила соли равон  як пули мошингузар бо харҷи беш аз чор миллион сомонӣ низ мавриди истифода қарор ёфта буд.

Барои саҳм гузоштан дар сабзу хуррам намудани муҳити атроф ва тоза нигоҳ доштани манзилу макони зист аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Ҳисор ва дигар масъулин дар соҳили дарёи Чангоб  маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.

 

Декабрь 18, 2020 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Хоруғ озмунҳои шаҳрӣ ва иқдоми бунёдкорӣ гузаронида мешаванд
Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешавад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара ҳашари тозагӣ ва сабзкорӣ гузаронида шуд
СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид