ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Ванҷ 60 иншоот ба истифода дода шуданд
ДУШАНБЕ, 22.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин санаи таърихӣ дар ноҳияи Ванҷ 85 бинои таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд. То ба имрӯз беш аз 60 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, зимни вохӯрӣ бо Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода фаъолону соҳибкорони ноҳияи баландкӯҳи Ванҷ иброз доштанд, ки онҳо дар амалисозии тадбирҳо бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносиб мегузоранд.
Тоҷиддин Ҷӯразода бо фаълони ноҳияи Ванҷ оид ба вусъати раванди корҳои бунёдкорию созандагӣ, омодагӣ ба Иди байналмилалии Наврӯз ва Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарҳи муҳтавои ҳидоятҳои Сарвари давлат оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, риояи қоидаҳои зидди сӯхтор, худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти барқии серхароҷот, ташкили озмунҳо, ба роҳ мондани фаъолияти доимии боғҳои фарҳангӣ, шинонидани ниҳолҳо, истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ, баррасии ҳолати пешгирии бемории сироятии COVID-19 ва тадбирҳои андешидашуда дар ин самт суҳбат кард.
Сокинони ноҳияи Ванҷ сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти олии мамлакатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ба рушд ва эҳёи ҳунару анъанаҳои қадимаи миллӣ таваҷҷуҳи хосса доранд. Ин дар ҳолест, ки бо фароҳам гардидани инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ шумораи сайёҳони дохиливу хориҷӣ барои боздид аз ин гӯшаи зебоманзари мамлакат беш аз пеш афзоиш ёфта истодааст.
Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд






