ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Тоҷикобод бунёди 77 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 09.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод бунёди 77 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки алҳол зиёда аз 30 адади он мавриди истифода қарор гирифтаанд. Аз ҷумла, чанде пеш дар маркази ноҳияи Тоҷикобод бинои дуошёнаи муосири маркази саломатӣ барои кормандони муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Тоҷикистон» ба истифода дода шуд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бунёди бинои нави Маркази саломатӣ мушкилии норасоии утоқҳои муоинавӣ ва муолиҷавиро бартараф намуд. Дар дохили бино дастгоҳҳои замонавии ташхису муоинавии пуриқтидор насб карда шуда, дар ду палата катҳои дорои имконияти электронии муоинавӣ мавҷуд мебошанд.
Иттилоъ дода шуд, ки ин муассисаи тандурустӣ дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб бо ҳарҷи 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ сохта шуда, маблағи таҷҳизоти муосири ҷиҳозондашудаи он 2 миллиону 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар маросими ифтитоҳи бино намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, раиси ноҳияи Тоҷикобод, ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Тоҷикистон», намояндаҳои муассисаи Муҳаммад бин Рашид оли Мактум дар шаҳри Дубай иштирок намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ду сол қабл аз тарафи шарикони рушд дар деҳаи Капалии ноҳия бинои хуштарҳи бунгоҳи тиббӣ сохта шуда буд, ки айни замон мавриди истифодаи сокинони деҳот қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳия барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни миллӣ бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди Қасри фарҳанг ба маблағи 10 миллиону 700 ҳазор сомонӣ, чароғону мумфарш кардани кӯчаҳои маркази ноҳия ба маблағи 8 миллион сомонӣ, инчунин боғи фарҳангӣ ба маблағи 12 миллиону 800 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва ҷалби соҳибкорон идома дорад.
Мавриди зикр аст, ки дар Тоҷикобод мутобиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2018 — 2020 амалисозии 182 лоиҳа ба маблағи 117 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Амалишавии Барномаи мазкур ба рушди соҳаи саноат, ҷиҳати бо иқтидори пурра ба кор даровардани корхонаҳои бекорхобида, зиёд намудани шумораи корхонаҳои саноатии хурду миёнаи ноҳия мусоидат менамояд. Дар ноҳия бунёди се коргоҳ ва корхонаҳои хурди саноатӣ дар назар аст. Айни замон корхонаҳои саноатии ноҳия, аз ҷумла корхонаҳои “Бонувони Тоҷикобод”, “Дастони моҳир” ва ҶДММ “Достон” ба дӯхтани либоси ягона барои мактаббачагон нигаронида шудаанд.










Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд






