ҲАДАФИ АСОСӢ АЗ КИТОБХОНӢ БОЯД ВУСЪАТИ ФИКР, ИСТИҚЛОЛИ АНДЕША ВА БАРДОШТИ ДУРУСТ БОШАД. Чунин меҳисобад узви ҳакамони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

Декабрь 18, 2020 14:48

ДУШАНБЕ, 18.12.2020/АМИТ «Ховар»/. Даври ниҳоии Озмуни имсолаи ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо ибтикор ва тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 9 феврали соли 2019 бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад, ба поён расид. Аз рӯи мушоҳидаҳои хабарнигорони АМИТ «Ховар», ба баланд бардоштани завқи китобхонӣ дар байни мардум, ғанӣ гардонидани захираи луғавии онҳо, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, ки аз ҳадафҳои асосии баргузории ин маъракаи муҳим ва беҳамто ба шумор мераванд, такони ҷиддӣ бахшид.

Мутахассисон бар ин назаранд, ки натиҷаҳои озмун аз ҷониби комиссия ва ҳакамон бояд таҳлил карда,  барои дар соли оянда боз ҳам ҷолибтару босамартар гузаштани  он тадбирҳо андешида шаванд.

Як нафар аз ҳакамони озмун Ҳафиз РАҲМОН* дар робита ба ин чанд хулсаи худро дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Facebook ҷой додааст, ки ба назари мо қобили таваҷҷуҳ ва таҳлилу баррасӣ мебошад. Онҳоро бо каме ихтисор дар зер пешниҳоди хонандагон менамоем.

 …Рӯзи ёздаҳуми озмуни “Фурӯғ” ҳам ба анҷом расид: дар ин рӯз онҳое мавриди санҷиш қарор гирифтанд, ки хоҳони шоҳҷоиза буданд, аввал гуфтанд, ки 12 нафаранд ва баъдан 5 кас ба майдон ҳозир шуданд, дигарон аз раъяшон гаштанд, шояд фаҳмиданд, ки донишу неруи фикриашон кофӣ нест.

Сарвари ҳайати доварон устод Фарҳод Раҳимӣ ихтиёри чӣ миқдор сухан гуфтану ба чӣ хулосаҳо омадани довталабонро ба худашон вогузор карданд, марҳамат, ҳар чӣ медонед ё писандатон ҳаст, бигӯед… Ҳатто бидуни суолу ҷавоб ҳам аз ин панҷ кас аз тарзи баёни матлаб ва таассуроташон, инчунин қироаташон фаҳму даркашон ойинавор маълум буд, барои ҳамин ҳам муайян кардани ғолиб чандон душворӣ надошт…

Низом Қосим, Рустами Ваҳҳоб, Атои Мирхоҷа, Рушонаи Восеъ ва як устоди англисидон ба довталабон пайиҳам суол медоданд ва посух мешуниданд. Банда ҳам имкон пайдо карда, чанд чизе пурсон шудам… Хулоса, соҳиби шоҳҷоиза ҳам маълум шуд ва аз рӯйи инсоф бигӯем, аз ҳарифонаш бартарӣ дошт… Ҳатто китобчаи шеърашро ҳам ба доварон тақдим кард. Қабл аз ин довталаб духтараки мактабхони дигаре рӯйи саҳна омада буд, ки ӯ ҳам шеърнавис будааст ва китоб ҳам чоп кардааст. Ба ӯ эроди Рустами Ваҳҳоб, ба назари банда, дуруст буд, ки “дар нашри китоби шеър набояд шитоб кард… Аввал омӯзиши зиёде лозим меояд…”.

Ин андешаро кӣ паҳн карда бошад, намедонам, аммо овоза аст, ки агар довталаб маҷмӯаи шеър ё ҳикоёташро пешниҳод кунад, ҳатман ба назар мегиранд, холи баланд медиҳанд. Монанди он ки имрӯз дар ҷомеа пиру барно, боғбону пивофурӯш ҳам ба таълифи “шеър” машғул аст, дар озмун низ ҳамин ҳолат гоҳо ба мушоҳида мерасид… Масалан, дар номинаи мо духтараке китоби тарҷумаашро пешкаш кард: аз англисӣ тарҷумаи як афсона, дар болои китоб ному насаби довталаб… Марина Василйевна Русакова, ки довари номинаи мо аз адабиёти русӣ буд, дарҳол маълум кард, ки ин афсонаи қадимаи русист, баъзе лаҳзаҳояшро иваз кардаанд ва акнун шудааст моли каси дигар… Ба ин духтар, ки шояд аз моҳияти кораш огоҳ набуд, фаҳмондем, ки ин кори хуб нест, мисли он ки як кас моли каси дигареро медуздад… Дар ҳайратам, ки чаро чунин ҷавонони баистеъдод роҳбару раҳнамое надоранд, чаро чизҳои одиро ба онҳо бузургсолон намефаҳмонанд… Агар ин ҷавон қобилияти тарҷума кардан дорад, чаро ба ӯ афсонаву ҳикоётеро пешниҳод намекунанд, ки то кунун дасти ягон тарҷумоне нарасида…

…Рӯзи 9-уми озмун…бовар кардам, ки дар ниҳоди бархе ҷавонон дигаргуниҳои фикрӣ ба амал меояд: ононро дигар асарҳои “зиндабод”-и реализми сусиёлистӣ ба ваҷд намеорад, мехоҳанд он асарҳоеро бихонанд, ки ба замони нав, ба зиндагии имрӯза ва арзишҳои башарии кунунӣ мутобиқате доранд. Ҳамин навъ ҷустуҷӯҳои фикрист, ки бархе дар номгӯйи асарҳояшон адибонеро ворид кардаанд, ки “дигаргуна” менависанд, роҳу равиши инъикоси зиндагӣ ва сарнавишти одамӣ дар онҳо куллан дигар аст… Барои ҳамин ҳам банда муфассал дар пешниҳодам ба раёсати озмун аз такмил намудани низомнома сухан гуфтам: аз даврони пешин як миқдори кам бас аст, бояд адибони замони нав, нависандагони равияҳои гуногун ва методу ҷараёнҳои нави адаби ҷаҳонӣ ба низомнома ворид шаванд, то шавқу завқи китобхонӣ маҳсул бидиҳад, андеша пайдо шавад, андеша…

Аз сарсарӣ хондани асар чӣ фоида, ки чун чӯби хушке дар майна фикри солим ба вуҷуд наояд…

Бояд гуфт, ки номинаи “Адабиёти ҷаҳон” аз дигарҳо бо он афзалият дорад, ки чашми наврасону ҷавононро ба олами садранги китоб ва гуногунрангии зиндагӣ аз дидгоҳи адибони равияҳои гуногун бозтар намуда, ду чизи ниҳоят лозим – қиёс ва андешаро ташаккул медиҳад. Муҳимтарин рисолати ин озмун бояд ҳосил намудани андеша бошад ва андеша дар навбати худ асоси шакл гирифтани шахсиятҳост. Ба ин андешаам, ки озмуни мазкур ҳамон вақт рисолати худро иҷро хоҳад кард, ки ҳар иштирокчии ин номина хуб бифаҳмад: мақсад аз хондани китобҳои адибони дигар кишварҳо аз онҳо чун оруи асал шаҳди ақлу андеша ба худ гирифтан аст, тавассути китоб аз фарҳангҳои гуногун беҳтарин фазилату арзишҳоро ба арзишҳои худӣ зам кардан аст…

Дар умум, ягон адабиёт аз адабиёти дигар бартарӣ надорад, аммо аз нигоҳи ҳунари нависандагӣ ва ҷойгоҳи ин ё он асар дар раванди адабиёти ҷаҳон тафовутҳо зиёданд. Аксарияти адибоне, ки дар низомномаи ҳозира ҳастанд, дар замони шӯравӣ зиста, арзишҳои ҳамон давраро таҷассум кардаанд ва ба ташаккули тафаккури созанда ва эҳсоси зебоишинохтии насли имрӯза, хусусан ҷавонон, мувофиқат намекунанд.

Дар даҳлезу роҳравҳо ба гӯшам мерасид, ки “чаро осори адибони давраи нави адабиёти ҷаҳонро намепурсанд, чаро эҷоди он нависандагонеро намепурсанд, ки дар ҷаҳони имрӯза шуҳрати беназир пайдо кардаанд…”. Духтараке ба саҳифаи банда дар фазои маҷозӣ навиштааст, ки соли дароз аз эҷодиёти беҳтарин адибони ҷаҳонӣ – Рэй Бредбери, Митчелл, Коэлйо, Холид Ҳусайнӣ, Кортасар, Астуриас ва… хондаму аз ягонтои онҳо суол нашуд…

Сеюмӣ мегӯяд: “Чаро дар низомнома аз адабиёти рус ақаллан Достоевский, Солженитсин, Набоков нест, ҳол он ки инҳо дар рейтинги даҳ адиби бузурги ҷаҳон қарор доранд…”. Ростӣ, дилам ба онҳое месӯзад, ки бешу андак ба фаҳми хондаашон мерасанд…

Андешае ҳоло ба сарам меояд: рӯйхати ҳатмии адибонро таъйин кардан аз фоида дида зарараш шояд бештар бошад: як бонуе гуфт, ки “магар мешавад, ки маҷбуран асареро бихонӣ, бояд аввал шавқи хондан бошад”, ки ба назари банда, дуруст аст. Вақте рӯйхат озод шуд, ҳар касе мувофиқ ба завқаш китоб хонда, таассуроте мебардорад. Агар ин кор ғайриимкон бошад, пас феҳрасте сохтан лозим, ки ҳадди ақал аз дусад адиби маъруф ва шоистаи ҷаҳонӣ иборат бошад: ҳам қадимиёнро (классикҳоро) дар бар гирад ва ҳам адибони имрӯзаи шуҳратёри ҷаҳониро… Он гоҳ барои шикоят кардану норозӣ будан имкон намешавад… Дар ибтидо, яъне барои соли оянда бигзор ин рӯйхат аз 100 нависандаи бузурги ҷаҳон бо зикри асарҳои беҳтаринашон бошад (фарқ надорад, аз кадом кишваранд…).

ДАР АКС: аъзои ҳайати ҳакамони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

Роҳу равиши пурсупос ҳам бояд дигар бошад: ҳоло маҷбурем аз номи қаҳрамону ҷойи воқеа бипурсем, акнун мебояд таассуроти хонандаи китобро дар мадди аввал гузорем: хулосаи китобхон чист, чӣ бардоште кардааст, муаллиф чӣ мехоҳад ва оё ба ҳадафаш расидааст… Хулосаи батафсили хонандаи китоб чист… Чӣ андешае баъди китоб хондан ҳосил шуд… ва ғайра. Чунин тарзи санҷиш ба ҳосил шудани андешаи мустақил дар мағзи иштирокчии озмун мусоидат хоҳад кард. Муҳим аст, ки хонандаи китоб биандешад, тафаккур кунад, ки чӣ хондааст ва бо ягон асари дигар онро қиёс карда тавонад…

… Озмун 11 рӯз идома дошт. Бо вуҷуди реҷаи сахти кор, фишори баланд ва баъзе ноҷӯриҳо ин 11 рӯз бароям хеле гуворо буд, як ҳиссачаи ҳаётам бо шавқу завқ, бо ҳаяҷон, бо хушнудиҳо аз дидори китобдӯстон гузашт… Дар ин муддат ҳам дурӯғгӯёнро дидаму ҳам ростгӯёнро, ҳам ошиқони воқеии китобро дидаму ҳам ҳавасмандонро, ҳам онҳоеро, ки умуман дар фикри на ҷоиза буданду на мукофот, балки пайдо кардани китоби аҷиб, ҳам онҳоеро, ки дар сарашон фақат андешаи пирӯзӣ буд, ба ҳар роҳу воситае, ки имкон дорад… Буданд онҳое, ки бо андеша сухан мегуфтанд, ҳам онҳое, ки тӯтивор чанд ному насаберо аз ёд карда буданд…

Ҳама касон ва ҳама чизҳоеро, ки дар ҷомеаи имрӯза мебинем, инҳо ҳам маҳсули ҳамин ҷомеа ҳастанд… Аммо бештар ҷавононе буданд, ки майл ва кӯшиши “интеллектуал” шудан ҳадафашон буд, хушбахтона, инҳо аксарият буданд…

Маҳз тавассути ҳамин озмун ҷавонон фаҳмидаанд, ки ягона роҳи наҷоташон аз ботлоқи беҳудагиву беандешагӣ китоб аст…

Чандин писаракону духтараконе ба банда муроҷиат карданд, ки дар касби мутолиа ва хондани осори ҷолиб раҳнамояшон бошам… Мушкил аст рад кардан, вақте бо умед ба сӯят менигаранд…

Чизҳои зиёде дар мағзам буд, ки ногуфта монд, гумон мекунам дар мавриде дигар хоҳам гуфту навишт…

                           АКСҲО аз саҳифаи Ҳафиз Раҳмон дар Facebook

________________________________________________

*Таассуроти Ҳафиз Раҳмон аз рӯзҳои аввали баргузории озмун таҳти унвони  «Ҷавонону наврасон аз китоб суҳбат мекунанд, китоб варақ мезананд…» дар сомонаи АМИТ «Ховар» 8 декабри соли 2020 чоп шудааст.

Декабрь 18, 2020 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид