Ҷаласаи Кумитаи назоратии Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид

Декабрь 10, 2020 14:50

ДУШАНБЕ, 10.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр ҷаласаи видеоии  Кумитаи назоратии иҷрои қарорҳои ҷаласаи 13-уми Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар он ҳайати Тоҷикистонро муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Назар Назарзода ва ҳайати эрониро муовини Вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадалии Фараҳнокиён роҳбарӣ карданд.

Ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкории Тоҷикистон ва Эронро дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор дода, тадбирҳои мушаххасро ҷиҳати тақвияти ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву фарҳангии ду кишвар ҳамоҳанг намуданд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Декабрь 10, 2020 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд оид ба муаррифии имконоти сармоягузории минтақа форуми тиҷоратӣ баргузор шуд
Истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон қариб 5 баробар афзоиш ёфтааст
Тоҷикистон ва WIPO ҳамкориро дар соҳаи рушди инноватсия тақвият медиҳанд
Хайринисо Идрисова: «Дастрасӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид