«ҶАВОНОНУ НАВРАСОН АЗ КИТОБ СУҲБАТ МЕКУНАНД, КИТОБ ВАРАҚ МЕЗАНАНД…». Таассуроти Ҳафиз Раҳмон, узви ҳайати ҳакамони Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯзи аввали даври ниҳоии он
ДУШАНБЕ, 08.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, дирӯз, 7 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи панҷ номинатсия оғоз гардид.
Хотиррасон мешавем, ки озмуни мазкур бо ташаббус ва зери сарпарастии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019 ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда мешавад.
Дар зер таассуроти узви ҳакамони озмун, рӯзноманигор ва адабиётшинос Ҳафиз Раҳмонро аз рӯзи аввали даври ниҳоии озмун, ки имрӯз дар саҳифаи ӯ дар шабакаи Facebook дарҷ гардидааст, бо каме ихтисор пешкаши хонандагон менамоем.
Аз пурсупоси довталабон дар рӯзи аввали озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” банда ба хулосае омадам, ки имсол рақобат ҷиддӣ хоҳад шуд. Сатҳи омодагӣ баланд ва номгӯи осори хондаву даркшуда даҳҳо варақ аст…
Ҳоло чизи мушаххасе гуфтан имкон надорад, аммо аз тарзи гуфтор ва фаҳму дарки ду нафар аз иштирокдорони озмун дар номинаи “Адабиёти ҷаҳон” – яке Шарифамо Одинамамадова (хонандаи синфи 11-уми литсейи Оғохони шаҳри Хоруғ) ва (дигаре – тавз. АМИТ «Ховар») Муродҷон Бойсариев (хонандаи синфи сеюм аз шаҳри Исфара) хеле хушнуд шудам. Инҳо асарҳои зиёде (ҳатто берун аз низомнома) хондаанд ва дар посух гуфтан лаҳзае таъхир намекарданд. Ақлашон расову зеҳнашон гиро! Офаринашон!
Чизи зиёде аз ин гуфтан наметавонам, чунки яке аз доваронам, аммо дар синни 9-солагӣ огоҳ будан аз осори Гёте, Лермонтов, Айтматов, Киплинг, Марк Твен ва…, азёд донистани беш аз 2000 байт аз ашъори ба русӣ тарҷумашудаи бузургони сухан, ба забони русӣ бенуқсу тозаву озод такаллум кардани хонандаи синфи сеюм маро ниҳоят ба ваҷд овард. Сипоси беандоза ба волидонаш, ба муаллимонаш, ба мактабаш, ба пайвандонаш!
Ташкили озмун дар сатҳи олӣ буд, сипос ба Вазорати маориф ва илм, ба масъулин ва ризокорон (волонтёрро ҳамин тавр тарҷума кардаанд, имрӯз фаҳмидам). Сипос ба Фаромурз, ки ба ҳар як ҷузъиёти озмун диққат медод, ин кас корманди Китобхонаи миллӣ, дар номинаи мо масъул аст. Аҷаб ҷавони хушодоб ва масъулиятшиносе…
Ғизои нисфирӯзӣ ҳам хуб буд (барои доварон ин муҳим аст, бо назардошти миқдори зиёди энерҷие, ки сарф мекунанд…) Агар ба номгӯйи ғизо моҳиро илова кунанд, аҷаб коре хоҳад шуд (зеро хӯрдани моҳӣ ба аксар доварон, ки муаллим ҳастанд, танҳо дар чунин маъракаҳо муяссар мешавад, дар омади гап, порсол моҳӣ фаровон буд…).
Дар рӯзи аввал хеле аз дӯстонамро, ки кайҳо надида будам, дидам ва тамоми рӯз аз ин дидорҳо хушҳол будам…
Бо чанде аз мухлисони навиштаҳоям вохӯрдам ва аз таассуроташон огоҳ шудам… Саломат бошанду сарбаланд! Дар суҳбате сухан аз гурбаи азизам – Алекс рафт ва устод Рустами Ваҳҳоб ваъда карданд, ки ба ин дӯсти азиз ва ҳамешадарпаҳлуи банда шеъре эҷод хоҳанд кард… (Кош ин ваъдаашон, мисли мақолаву тарҷумаҳое, ки ба “Садои Шарқ” мефиристам, ба таъхир наафтад…).
Садри ҳакамони номинаи (номинатсияи адабиёти ҷаҳон – тавз. АМИТ «Ховар») мо устод Муртазо Зайниддинзода (мудири кафедраи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – тавз. АМИТ «Ховар») имрӯз масъулияти бештар доштанд: адолат шавад-гӯён аввал талаботи низомномаро ба миён мегузоштанд, нафаре бояд наранҷад. Берун аз низомнома, ҳар асаре, ки довталаб хонда бошад, суол бидиҳед, мегуфтанд. Ҳама бо навбат, ҳам ба русӣ, ҳам ба тоҷикӣ имкони пурсидан муҳайё буд…
Ташаккур ба Мӯҳриддини Низомӣ, сарвари Донишгоҳи фарҳанг ва ҳунар, ки бо суҳбати пурмуҳтавояшон аз адабиёт ва хушгӯйиҳояшон табъи моро болида карданд. Будани ин кас дар озмун, ки донишманди дақиқназаре ҳастанд, моро ва ҳама иштирокдоронро умедвор мекунад, ки ба қавле ҳақ ба ҳақдор хоҳад расид…
Устод Боймурод Шарифзода (сарвари Пажӯҳишгоҳи забону адабиёт) ва шоири номдорамон Аскар Ҳаким дар суҳбате гуфтанд, ки ҳеҷ довталабе норизо нахоҳад монд, ҳама ончунон ки мебояд, пурсида хоҳанд шуд…
Манзараи ин сӯву он сӯ рафтану давидани довталабон, сари мавзӯе баҳс кардани доварон ва дар дасти ҷавонон дидани китобро дида, рӯҳам болида шуд: озмуни порсола такони ҷиддие додааст, ҷавонону наврасон аз китоб суҳбат мекунанд, китоб варақ мезананд…
Кош, ин манзара тамоми сол идома мекард… Кошу сад кош….
Аз ин бештар чизе наметавон гуфт, таассуроти комиламро баъди анҷоми озмун хоҳам гуфт…








Сокинони шаҳри Исфара соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе маркази омӯзиши забони чинӣ таъсис дода мешавад
БОРБАД — АСОСГУЗОРИ МУСИҚИИ ШАРҚ. Хунёгаре, ки назирашро таърихи башар ёд надорад
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Бо мақсади шаффофият ва дақиқияти холҳои ғолибон портали электронӣ таъсис дода шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мегарданд
Масъалаи дастрасӣ ба оби нӯшокии устувор бо намояндагони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дорад»
Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Давоми 7 соли баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ чӣ натиҷаҳо ба даст омаданд?
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ЭҲЁГАРИ НАВРӮЗ. Пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳ пайдо намуд
Соли 2025 — соли афзоиши устувори истифодабарандагон ва тақвияти нуфузи АМИТ «Ховар» дар фазои рақамӣ
Дар Тоҷикистон охири моҳи январ ҷашни Сада таҷлил мегардад






