Ба ғамхории давлат бо амали нек саҳмгузор бошем. Ва ё талқини фарҳанги истифодаи босамари неруи барқ дар вилояти Суғд

Декабрь 19, 2020 11:05

ДУШАНБЕ, 19.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳҳои ташаббускор, иборат аз аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, шуъбаи кор бо ҷавонон ва занон, Кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ  ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Суғд  корҳои тарғиботу ташвиқотро ин дафъа дар майдони Регистони бозори марказии вилоят- “Панҷшанбе” вобаста ба пешгирии бемории сироятии КОВИД -19 ва талқини фарҳанги истифодаи босамари неруи барқ гузарониданд. Дар ин бора аз КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ зикр  гардид, ки агар ҳамагон неруи барқро сарфакорона истифода баранд, кафолати ба пуррагӣ гирифтани барқ таъмин карда мешавад. Зеро захираи оби барқистеҳсолмешуда дар Неругоҳи барқи обии “Норак” то мавсими гармо дар сурате басандагӣ мекунад, ки мо онро сарфакорона истифода барем.

Инчунин бо харидорону фурӯшандаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ба онҳо зарурати пӯшидани ниқобҳои ҳимоявӣ гуфта шуд. Таъкид гардид, ки мубориза бо ин бемории ҳамагир дар кишварҳои пешрафта мушкилии рақами як маҳсуб шуда, теъдоди сироятёфтагон ба ҷои коҳишёбӣ рӯз то рӯз зиёд гардида истодааст.

-Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳи рӯзафзуни давлат ва Ҳукумати мамлакат, садоқатмандӣ ва вафопешагии пизишкон  хатари сироятёбӣ коҳиш ёфтааст, аммо ангезаи сироятёбӣ ҳанӯз ҳам ҷо  дорад. Аз ин хотир риояи талаботи санитарию гигиенӣ ба манфиати кор аст,-зикр шуд зимни ҳамоиш.

Декабрь 19, 2020 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст