БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ. Ба ин муносибат дар Донишгоҳи давлатии Данғара намоиши дастовардҳои зеҳнии донишҷӯён ташкил гардид

Декабрь 13, 2020 09:00

ДУШАНБЕ, 13.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040  «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» аз 7 то 12 декабри соли равон  дар Донишгоҳи давлатии Данғара намоишгоҳи дастовардҳои зеҳнии донишҷӯён ҷиҳати иҷрои лоиҳаҳои инноватсионӣ, ихтироот, ғояҳои (идея) нав ва эҷодиёт баргузор гардид. Ҳамчунин  бахшида  ба эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш” аз 1 январи соли 2021 дар назди факултети табиӣ-риёзӣ, педагогика ва рушди нерӯи инсонии Донишгоҳи давлатии Данғара  “Маркази доимамалкунандаи рушди донишҳои дақиқ ва риёзӣ” ташкил мегардад.

Дар ин бора  ёвари ректор ва мудири бахши  робита бо фазои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Данғара Муҳаммад  Шораҳимзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод. Дар намоишгоҳи мазкур дастовардҳои зеҳнии донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳи мазкур ба намоиш  гузошта шуд. Инчунин дар доираи татбиқи Лоиҳа рушди таҳсилоти олӣ — равзанаи 2 «Механизми ҷалби духтарони деҳот барои таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Данғара», ки аз ҷониби Вазорат маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ сарпарастӣ мегардад, фестивал-намоишгоҳ бо иштироки донишҷӯдухтарони донишгоҳ ва хонандаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия баргузор гардид. Дар фестивал хонандагони мактабҳо низ фаъолона ширкат варзида, дастовардҳои худро муаррифӣ намуданд. Ба донишҷӯëни фаъоли иштирокчии ин намоишгоҳ аз ҷониби раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара сертификат ва уновнҳои фахрӣ оид ба пазируфтани истеъдодҳо супорида шуд. Сертификати мазкур метавонад ба гирифтани баҳоҳои мусбат мусоидат намояд. Ҳадафи асосии намоишгоҳи мазкур бошукӯҳ муаррифӣ намудани дастовардҳои зеҳнии ба даст овардаи факулететҳо дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2020-2021 мебошад.

Донишгоҳи давлатии Данғара дар фазои илмиву таълимии инноватсионии мамлакат  мақоми хосро касб намудааст. Басо олимону муҳақиқон ва хатмкунандагони ин даргоҳ садҳо ихтироот, усулҳои нави ташхису муаррифии технологияҳои мултимедиро бомуваффақият ҷорӣ намудаанд. Дастовардҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва саноат доимо дар равандҳои гуногун кашф ва мукаммал гардида, ба  болоравии иқтисодиёти миллӣ мусоидат намудааст. Аҳамияти соҳаҳои мазкур ва ҳамчунин мақоми фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар тамоми давру замон бузург буд. Гуфтан ба маврид аст, ки гузаронидани чунин намоишгоҳҳо ба ноилшавии муваффақиятҳои умумии фанҳои табиатшиносӣ боз ҳам зиёдтар хоҳад гардид. Ба хотири он, ки донишҷӯн дар инкишофи худ ба дигар соҳаҳои табиатшиносӣ, махсусан, ба биология, химия, физика, математикаи олӣ ва технологияи информатсионӣ таҷҷуҳ зоҳир мекунанд, Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара ба устодону донишҷӯён ҷоиза ва идрорпулӣ таъсис дод.

Аз ҷумла, 14 идрорпулӣ бо маблағи 300 сомонӣ ба донишҷӯёне дода мешавад, ки дар озмунҳои дохили факултет аз фанҳои математика, физика, химия, биология, информатика ғолиб мегарданд. Ба ҳар як факултет 2 ҷоиза пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, дар 7 факултети донишгоҳ 7 ҷоиза таъсис дода шуд. Ин ҷоизаҳо ҳар кадом 5000 сомониро фаро мегиранд, ба омӯзгороне, ки дар татбиқи барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” муваффақият ба даст меоранд, мукофотонида мешаванд.

Гуфта мешавад, ки ҳоло Донишгоҳи давлатии Данғара дар доираи расидан ба ин ҳадафҳо корҳои назаррасро анҷом дода истодааст.

Декабрь 13, 2020 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад