Бонки ҷаҳонӣ ба идораи муосири молияи давлатӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 05.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дастгирии талошҳои Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани самаранокӣ, ҳисоботдиҳӣ ва шаффофият дар хароҷоти давлатӣ, ки махсусан дар шароити кунунии COVID-19 муҳим аст, Шӯрои директорони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) 2 декабр маблағгузории иловагиро ба маблағи 6 миллион доллари ИМА барои «Лоиҳаи дуввуми муосиргардонии идораи молияи давлатӣ» тасдиқ кард. Лоиҳа дар шакли гранти Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (АБР) маблағгузорӣ шудааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хабар медиҳад.
«Низоми самараноки идораи молияи давлатӣ (ИМД) имконияти ҳукуматро барои расонидани хадамоти босифат ба шаҳрвандон баланд мебардорад ва захираҳоро ба қонеъ гардонидани талаботи афзалиятнок, ба монанди тандурустӣ, маориф ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ самаранок равона мекунад», — гуфт намояндаи доимии БҶ дар Тоҷикистон Жан-Питер Олтерс ва тазаккур дод, ки «махсусан, дар пасманзари коҳиш ёфтани даромади буҷетӣ бар асари буҳрон низоми устувори ИМД воситаи ҷудонашавандаи сиёсати тақсимоти самараноки захираҳои маҳдуд буда, имкон медиҳад, ки сиёсатгузорон ва шаҳрвандон дар бораи истифодаи захираҳои буҷетӣ барои қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзун пурра огоҳ шаванд».
Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 (СМР 2030) ба ташкили низоми муассири идораи давлатӣ ҳамчун заминаи рушди устувори иқтисодӣ ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ нигаронида шудааст. Лоиҳаи дуввуми кунунии муосиргардонии идораи молияи давлатӣ, ки соли 2016 бо маблағгузории АБР ва Вазорати рушди байналмилалии Британия оғоз ёфта буд, аз бисёр ҷиҳат ин самти афзалиятноки СМР-ро дастгирӣ мекунад.
Масалан, лоиҳа ба баланд бардоштани иқтидори Палатаи ҳисоб дар гузаронидани аудити вазорату идораҳои давлатӣ мусоидат намуд. Дар доираи лоиҳа низоми электронии идораи кадрҳо ва музди меҳнат бо мақсади ҷалб ва пардохти одилона ва шаффофи меҳнати хизматчиёни давлатӣ ҷорӣ гардида, таҳияи харитаи роҳи ҳукумати электронӣ дастгирӣ шуд, ки барои тавсеаи хизматрасонии электронӣ ба аҳолӣ замина фароҳам меорад. Дар айни замон харитаи роҳ дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Бояд тазаккур дод, ки лоиҳа татбиқи хариди электронӣ ва таҳияи заминаи меъёрӣ ва институтсионалии хариди давлатиро дастгирӣ менамояд. Ин имкон медиҳад, ки анҷом додани хариди давлатӣ ба таври ошкоро ва рақобатнок кафолат дода шавад, аҳолӣ дар бораи шартномаҳои басташуда огоҳ гардад ва бо ин дар баланд бардоштани сифати молҳо ва хизматрасониҳои аз ҷониби Ҳукумат пешниҳодшуда ва коҳиш додани арзиши онҳо саҳм гузошта шавад. Дар доираи лоиҳа муосиргардонии низомҳои автоматиконидашудаи идораи молиявӣ бо мақсади пурзӯр намудани вазифаҳои банақшагирӣ ва иҷрои буҷет, хазинадорӣ, баҳисобгирӣ ва ҳисоботи молиявӣ дар мақомоти давлатӣ дастгирӣ ёфтанд. Ин ҳамчунин имкон медиҳад, ки имконияти баҳисобгирии муҳосиботӣ ва ҳисоботи молиявии корхонаҳои алоҳидаи давлатӣ таҳким гарданд.
Бо маблағгузории иловагии имрӯз тасдиқшуда, лоиҳа: 1) тавонмандии корхонаҳои алоҳидаи давлатиро дар риояи Меъёрҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва амалияи муносиби идораи корпоративӣ тақвият медиҳад; 2) заминаи меъёрӣ ва институтсионалии хариди давлатиро таҳким мебахшад, татбиқи низоми хариди электрониро дастгирӣ менамояд ва инчунин иқтидори мувофиқро барои ташкилоти хариди давлатӣ муҳайё месозад; 3) идораи сармоягузории давлатӣ ва амалиёти шарикии давлат ва бахши хусусиро тавассути таҳкими меъёрҳо, сиёсат, назорат ва мониторинги ин амалиёт такмил медиҳад; 4) аудити дохилии ташкилоти буҷетиро тақвият мебахшад.
Ҳадафи лоиҳа мусоидат ба Тоҷикистон дар баланд бардоштани самаранокии сармоягузории давлатӣ барои расидан ба рушди босуръат ва ба содирот нигаронидашуда мебошад.
Лоиҳа аз ҷониби Вазорати молия, Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Агентии хизмати давлатӣ ва Палатаи ҳисоб татбиқ мешавад. Лоиҳа соли 2024 ба итмом мерасад.
Бастаи фаъоли БҶ дар Тоҷикистон 16 лоиҳаи кишварӣ ва минтақавиро дар бар мегирад, ки уҳдадориҳои холиси онҳо беш аз 841 миллион долларро ташкил медиҳад.








Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид
Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии рушди низоми почтаи Тоҷикистон ба имзо расид






